ИХТИЛЛОФУ ҶУДОИАНДОЗӢ Д ВА БЕШАРАФИИ АЪЗОИ ТТЭ ҲНИ АЁН АСТ

 

Имрӯз фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро таҳлилу хулосабарорӣ карда қайд менамоем, ки пайравони назҳатиҳо орзуманди бунёди тартиботи авторитарӣ ва инкори низоми сиёсии демократии ҳуқуқбунёд мебошад.

ҲНИ дар тули фаъолияташ ба ҷуз ихтиллофу ҷудоиандозӣ дигар кору амали манфиатоваре ба нафъи давлату миллат ва ҳалк анҷом надода буд. Бо мурури вакт мақсадҳои душманона ва дар оянда ҳатар доштани фаъолияти ин ҳизбро дар ҷомеаи навини Тоҷикистон дарк намуда, қисмати зиёди аъзои ин ҳизб онро тарк карданд. Вале баъзе пайравони ТЭТ ҲНИ, ба мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин дар Аврупо иқомат дошта, барои амалисозии ҳадафи нопок аз номи дини маъруфу шинохтаи олам баромад карда истодааст. Умед дорем, ки бадхоҳон ва саркардаҳояшон ҳаргиз ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд, зеро мардуми мо ҳадафу нақшаҳои шуми онҳоро ба хубӣ дарк кардаанд. Имрӯз ҷавонон бояд ба пуррагӣ дарк намоянд, ки корҳои ношоиста ва аз ниҳоди ғайриинсонӣ М.Садриддин аён гардид. Воқеан офтобро ба доман пӯшонида намешавад. Рафтори разилона ва бешарафии М.Садриддин имрӯз мавриди мазаммату танқиди солимфикрон ва мусулмонони ҷаҳон қарор дорад.

Хулоса мо кирдорҳои ҷинояткоронаю ғаразонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла М.Садриддинро маҳкум мекунем. Бо баробари ин кулли ҷавононро ба созандагиву ободкории Ватан даъват  ба амал оварда, хоҳони онем, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ватани худро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Агар мо насли наврасро дар оила ва мактаб хуб таълиму тарбия диҳем, оқибати бади ҳодисаҳои номатлуб, терроризму тундгароиро ба онҳо фаҳмонем, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хатарнок ва бешарафӣ намераванд. Аз ин лиҳоз, пеш аз ҳама волидонро лозим меояд, ки дар тарбияи насли наврас масъулиятшинос бошанд. Бояд дар зеҳну шуури  онҳо ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро ҷой диҳем.

 Шарипов А.К.-мудири шуъбаи мониторинг

ва назорати сифати таълим

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *