БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗИМ ВА  ИФРОТГАРОӢ МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД!

Имрӯз терроризм ва ифротгароӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ  хатари зиёде эҷод кардааст, ки метавонад на танҳо ба як миллату  халқият, балки ба нестии аксари миллату давлатҳо оварда расонад. Вобаста ба ин, баъзе андешаҳои хешро доир ба таносуби дунявият ва диният дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон баён намоем. Воқеан аксарияти мардуми мо эътиқодманди дини мубини исломанд ва бо истифода ба ин ҳолат гуруҳу ҳизбҳо мардумро гумроҳ  кардан меҳоҳанд. Дар ниқоби ислом давлатҳои тинҷу оромро ба майдони ҷанг табдил  дода истодаанд, ин  ҳамон гурӯҳест, ки аз фарҳангу тамаддуни  миллати  худ бехабаранд  ва дониши казоӣ  надоранд. Дар робита ба ин ТТЭ ҲНИ мисол шуда метавонад.  Мутаассифона баъзе ҷавонон ба ТТЭ ҲНИ шомил шуда, ба муқобили сохти конститутсионии кишварҳои арабӣ ҷангида, боиси доғдор намудани миллату кишвар дар арсаи байналмилалӣ мегардад. Онҳо хоҳони нооромӣ ва нотинҷии  кишвар буда, дар ҳамин замина мехоҳанд соҳиби мансаб ва молу мулк гарданд. Хулоса ҳамаи наҳзатиён ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаанду, аз бешарафиву бадсириштӣ бар миллати хеш хиёнат мекунанд. Бо мурури вақт мақсадҳои душманона ва дар оянда ҳатар доштани фаъолияти ҲНИ-ро дар ҷомеаи навини Тоҷикистон дарк намуда, қисмати зиёди аъзои ин ҳизб онро тарк карданд. Вале баъзе гумроҳшудагон ба мисли собиқ аъзои ҲНИ М.Садриддин алҳол дар Аврупо иқомат намуда, барои амалисозии ҳадафи нопок аз номи дини маъруфу шинохтаи олам баромад карда истодааст. Мо кирдорҳои ҷинояткоронаю ғаразонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла бешарафии М.Садриддинро маҳкум мекунем. Бо баробари ин қайд кардан зарур аст, ки солҳои охир истилоҳи «ҷиҳод» бештар садо медиҳад. Аслан ҳангоми  шунидани ин калима , ки зери мафҳуми он ҷиҳоди ислом дар назар аст, дар замон саҳнаи куштори ваҳшиёнаи одамон дар зеҳни кас падид  меояд. Ростӣ барои мо басо шигифтовар ва дарднок буд, вақте тавассути васоити ахбори умум як зумра ҷавонони мамолики хориҷӣ  ба равияҳои гуногун дохил шуда, худро «мусулмони комил» гирифта, мардумро ба ҷиҳод даъват менамуданд. Бараъакс, онҳо ба ин корашон ба даҳшатафканиву ноором сохтани ҷомеа  мусоидат карда, фазои осоиштаро ноҳинҷар месозанд. Оё  дар ягон китоби муқаддаси динӣ  гуфта шудааст, ки шахси соҳибимонро қатл кардан ҷиҳод аст? Не, албатта!

Агар ба умқи ҷиҳод фурӯ равем ва ё мазмуни  ин вожаро пажуҳиш намоем, мебинем , ки он маънии мусбат дошта, ҳадафаш ҳифзи субот, таҳлили амният ва истиқрори сулҳу ваҳдат дар мамлакат мебошад.

Мақсади интишори мақолаи хеш ва суоли машраҳ ин аст, ки мо чӣ тавр бояд сари роҳи амалҳои нангинро бигирем. Фикр мекунам, ки қабл аз ҳама дар ин масъала бояд ба тарбияи насли наврас аҳамияти хоса зоҳир намоем. Падару модаронро мебояд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ тамоми бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар амал татбиқ кунанд. Дар хотир дошта бошем, ки танҳо шахсӣ солим бо мулоҳизаи солими хеш метавонад, ки таҳаввулоти  сиёсию  ичтимоии рӯзро дар  тарозуи ақл баркашидаю санҷида, ба манфиати давлату миллати худ фаъолият намояд. Бо баробари ин корҳои тарбиявиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, хоса дар мактабҳои маълумоти миёнаи умумӣ тақвият бахшидан зарур аст. Бояд ҳангоми тартиб додони нақшаҳои таълимӣ, аз ҷумла  соатҳои тарбиявӣ ба ин тарафи масъала низ диққати ҷиддӣ дода  шавад , яъне бештар ба мавзӯҳое  рӯ биёрем, ки аз боби маҳкум кардани терроризм ва дӯст доштани  ватану меҳнати худ қисса кунанд. Бояд дар зеҳну шуури  онҳо ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро ҷой диҳем. Шогирдон бояд дар рӯҳияи худшиносӣ, ватанпарастӣ ва инсонгароӣ тарбия ёбанд.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида, хулосабарорӣ намуда, таъкид кардан бамаврид аст, ки имрӯз ҷавонон худогоҳ бошанд, бештар ба мутолиа шуғл варзанд, аз суботи давлат ва муносибати давлатӣ огоҳии том дошта, роҷеъ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маълумот дошта бошанд. Дар интиҳои мақолаи хеш бо боварии комил метавон қайд кард, ки ҷавонон бар зидди терроризиму экстремизм муборизаи беамон бурда, дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати соҳибтамаддуну фарҳангдӯстамон камари ҳиммат баста, баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона хоҳанд намуд.

          

       Латофат Мирзоева- китобдори  дараҷаи 1-и ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *