ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ ОМИЛИ ИДЕОЛОГИЯИ ДУШМАНСОЗӢ!

Андешаҳои бегона аз ҷониби созмонҳои ифротӣ ва идома ёфтани гароиши ҷавонони ноогоҳ ба сафи фирқа, созмон ва ҷунбишҳои бегонаи ифротӣ ба ваҳдати динию эътиқодӣ ва оромии ҷомеа хатари ҷиддӣ ворид месозад.

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ифротгароӣ ва терроризм ба омили идеологияи душмансозӣ мубаддал гардидааст, ки ҳадафи асосӣ ба минтақаи ҷангу нооромӣ табдил додани ҷомеаи ҷаҳонӣ , асосан ба Осиёи Марказӣ равона шудааст. Масалан ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) дар асоси идеологияи тундгароии исломӣ амал карда, давоми даҳсолаи охир фаъолияти тарғиботӣ-ташвиқотии худро бо истифода аз омили дини Ислом, паҳн намудани мафкураи исломи радикалӣ, ба сафи худ ҷалб намудани ҷонибдорон ба амалҳои зиёди ифротгароӣ, баҳри сафарбаркунии ҷомеа ба ҳолати зиддиятнокии сиёсӣ ё динӣ  кӯшиш намуда истодааст.

Омӯзиши манбаъҳои иттилоотии экстремистон, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ ба хулосае меорад, ки диққати асосии тарғиботи онҳо бадномкунии сохтори иҷтимоию сиёсии ҳама гуна ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистон ва зарурати таъсиси ба ном “Давлати хилофат” аст. Бояд ёдовар шуд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар, кӯшиши гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ, бахусус аъзоёни собиқ ҲНИ ба табаддулоти низомӣ дар соли 2015, террор нисбати сайёҳони хориҷӣ дар соли 2018 мебошад. Хиёнате, ки бо ваҳшигариву зулму ситам, хунрезиву ҷаллодӣ ва дасисабозӣ, аъзоёни ТТЭ ҲНИ баҳри халқу миллати мо тоҷикон кардааст, ҳеҷ нобахшиданист! Баробари ин бояд қайд кард,ки дар шаш моҳи соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ 143 нафар гумроҳшудагон бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир кардаанд. Аз ин миқдор ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ 10 нафар, “Ихвон-ул-муслимин” 3 нафар, “Давлати исломӣ” (ДИИШ)  26 нафар, “Салафия” 45 нафар, Гурӯҳи 24 –13 нафар, Ансоруллоҳ 9 нафар, Ҳизб-ут-таҳрир 6 нафар, “Ал-Қоида”3 нафар, “Ҷамоати таблиғ”  8 нафар, Ҳаракати исломии Узбекистон  5 нафарро ташкил медиҳад

Далелу тасдиқ ва рақамҳои оморӣ, умуман раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем. Албатта, мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, бояд тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд.

Ф. МАХКАМОВА

ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *