Офтобро бо доман пӯшида намешавад ва таърих гувоҳ аст, ки душманони миллат исломи нобро ниқоби худ сохта, мехостанд ба сулҳу ваҳдати Тоҷикистони тозаистиқлол рахна ворид созанд, хуни мардумро боз бирезанду оромии ҷомеаро аз байн баранд. Ба ёд меорем, ҷанги дохилии Тоҷикистонро, ки яке аз сабабгорон собиқ аъзоёни ҲНИ мебошанд, ки амалҳои хиёнаткоронашон ба миллати тоҷик душман буданро исбот менамояд.
Роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш баъд аз аёну исбот гардидани ҷиноятҳои содирнамудашон, дар кишвари Аврупо пуштибонӣ ёфта, то ҳол хулосабарорӣ накардаанд ва корашон танҳо кофвтукоби айби касон аст!
Имрӯзҳо Мухиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, ба мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаҳои ифротӣ, аз ҷумла, барномаи “Паймони миллӣ”ва ”Пайванд” баромадҳо намуда, мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомот ҳавола мекунанд. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан худро мусичаи бегуноҳ нишон диҳад. Мавриди зикр аст, ки ҳеҷ як шахси бадхоҳу бадкирдор, ҳасадхӯру финтагарон ба мақсад нарасидааст ва нахоҳад расид!
Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, хиёнат ба модар, хиёнат ба мазҳаби Ҳанафӣ, хиёнат ба дини мубини Ислом намуданд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки чиноятҳои содирнамудаи наҳзатиён,бахусус Кабирӣ дар филмҳои ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат” бори дигар бо далелҳои раднашаванда аёну тасдиқи худро ёфтааст. Дар урфият мегӯянд, ки вақт довар аст! Мо мутмаинем, ки Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, дар назди қонун ва миллати тоҷик дер ё зуд ҷавоб хоҳад гуфт.
М.АХМЕДОВ ,
сармуаллими кафедраи математекаи
олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ