ИҒВОЮ ДАСИСАБОЗИҲОИ ЕВРОМУЛЛОЁН ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Нисбат ба баромадҳои иғвоангезонаву дасисабозиҳои ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла Муҳаммадиқбол Садриддину Ашӯров Ҳусейн ва яке аз ворисону думравонаш Беҳрӯз Тағойзода аъзои ҳаракати ифротии Гурӯҳи -24 мебошад, андешаҳои хешро баён месозем. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми боору номуси кишвар аз кирдору гуфтор ва амалҳои ифротиашонин роҳгумзадагонро амиқан дарк ва махкум кардаанд, дар оқибат ин хоинони миллат илоҷе наёфта, дар Аврупо бо пуштибонии хоҷагонашон паноҳ ёфтанд.
Моҳиятан гурӯҳҳои зикршуда, воқеан ҳамон ТТЭ ҲНИ ва ё бо номи Паймони миллӣ, аз роҳбар сар карда то аъзоёну пайравонаш ҳамон наҳзатиҳои пешин ҳастанд. Гуруҳи-24 бошад, калимаи ҳаракати сиёсиро ҳамроҳ кардааст. Фарқият дар он аст, ки онҳо ба евромулло табдил ёфта, корашон факат кофтукоби айби касон асту, рафтору гуфторашон аҳмақона. Тасдиқи ин гуфтаҳоро бахусус дар баромадҳои роҳбари ТТЭ-ПМ Кабирӣ ва ҳаммаслакашон М.Садриддину Ашӯров Ҳ. ва ҳамақидаи наҳзатиён Б. Тағойзодаро мушоҳида намудан мумкин аст. Ин бадхоҳони миллат асосан бо навбат дар барномаҳои “Ҳақ ва ботил,” “Минбари муҳоҷир” ва “Садоми мардум” рукнҳои дини мубини Исломро нодуруст тарғиб карда, барои паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ, махсусан зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар, бештар интишори матлаби иғвоангез дар шабакаҳои интернетӣ ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ вобастабуда паҳн карда истодаанд. Воқеан мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки евромуллоёни имрӯза дар гуфтору рафторашон худро “дипломату сиёсатмадор” нишон диҳанд ҳам, вале нақшаву ният ва иғвою дасисабозиҳояшон аз солҳои қаблӣ тафовуте надорад. Дар робита ба ин, дар фарҷом бо шеъри шоир андешаи хешро анҷом мебахшем:
Ба ҳар ранге, ки хоҳӣ, ҷома мепӯш,
Ман аз тарзи хиромат мешиносам.

Р.МАНОНОВА,
дотсенти кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *