ИҒВОПЕШАГОНИ БАДТИНАТ

Моҳҳои охири соли равон, аз ҷумла 4, 8,15, 18, 25 сентябр ва 9 октябри соли равон яке аз пайравони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..” афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, тавассути барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир ” бо ҷалби шогирдону пайравонаш, алалхусус Муҳаммад Тағоев баромад намуда, нисбат ба давлату шахсони баландпояи ҳуқумати кишвар тўҳмату ғайбати беасос намуд.

М.Садриддин зимни баромадаш худро “уламои дин” шуморида, доир ба масоили дини мубини ислом сухан менамояд. Ҳол он ки ҳамагон, яъне мардуми кишвари тоҷикон мусалмон ҳастанд, сатҳи дониши динии онҳо аз солҳои 90-уми асри гузашта даҳҳо маротиба баланд шуда, аз дини мубини ислом хеле хуб бохабаранд ва имрўз аз насиҳатҳои М.Садриддини бешараф ниёз надоранд.
Дар робита ба ин, бояд ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар Қуръони маҷид омадааст: “Эй мўъминон, аз гумони бисёр иҷтиноб кунед, ҳар оина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед. Оё касе аз шумо дўст медорад, ки гўшти бародари мурдаи худро бихўрад? Балки аз вай нафрат хоҳед кард. Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст” (Сураи “Ҳуҷурот”, ояти 12).

Умуман, баромадҳои иғвогарони бадсиришт ва сабтҳои видеоӣ, аудиоии онҳо танҳо суханони беасосу бедалел, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Аз рафтору гуфтори М.Садриддин-бадхоҳи ифротгар ҳама безоранд. Ин қабил тудаи бадхоҳонро ҳар як раҳгузари аврупоӣ аз беақлон медонанд. Ва мо низ чунин мешуморем.
Бояд ёдовар шуд, ки дар сиёсат ва таҷрибаи дилхоҳ давлати демократӣ вақте мухолифин сиёсати Ҳукумати амалкунандаро зери интиқод медиҳанд, бояд тибқи талаботи қонунгузорӣ мухолифати худро бо далелҳои қонунӣ асоснок намояд. Тавре мо огаҳ ҳастем аз ҷониби иғвопешагони бадтинат, аз ҷумла М.Садриддин ва пайравонаш мухолифи давлати амалу рафторҳояшон бар хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо, бахусус хилофи озодии сухан буда, барои содир намудани чунин амал қонунгузории кишвар ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд.
Хулоса, имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд. Мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои М.Садриддин ва умуман, ба ҳаммаслакону пайравони наҳзат бовар намекунанд ва муқобили ин гуна ашхосони мубориза мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад ва онҳо заррае ҳам ба Тоҷикистони биҳиштосо таъсир расонанд. Ба ҳар ҳол вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки хиёнаткори иғвопешаи бадсиришт дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дасисаю иғвогарӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд.

 

Р. АНВАРӢ, ассистенти
кафедраи молия ва
қарзи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *