
Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳад,ки имрӯзҳо нотавонбинони миллат, аз қабили яке аз думравони наҳзат Беҳруз Тағойзода, аъзои фаъоли ҳаракати сиёсӣ бо номи “Гурухи -24” мебошад, солҳои охир дар ҳайси ровӣ дар барномаи ифротии “Садои мардум” баромад менамояд. Б.Тағойзода мисли Муҳаммадиқболи Садриддин, ки пайрави фаъоли наҳзат мебошад, дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламонро нодида гирифта, барои барангехтани кинаю адоват ва низоъ дар миёни мардум. нисбат ба манфиати давлату мардуми кишвар андешаи носолимашро баён менмояд. Афроди зикршуда яке аз зумраи ҳасадхуру сиёҳкорон, ватанфурӯшоне мебошанд, ки дар кишварҳои Аврупо зиндагии муҳоҷирӣ доранду аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, яке дар барномаи “Садои мардум” дигаре дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда баромад менамоянд. Ин иғвогарон ҳасадангез зимни баромадҳои ифротиашон, намоиши сабтҳои видеоӣ ва аудиоии онҳо танҳо суханони беасосу бедалел, туҳматангезу иғвогарона ва ҷузъ ҳарфи хусуматдори нисбати раҳбарияти сатҳи гуногун инъикос ёфтааст ва дар он аз ҳақиқат дур чизе дида намешавад. Масалан 16 сентябр соли ҷори Б.Тағойзода дар барномаи “Садои мардум ” зимни баромад аз дурӯғу буҳтон истифода бурда туҳату иғвогарирор чун баромадҳои қаблиаш пеша намуд. Гумон дорад, ки ин талқини тасаввуроти нодуруст ақидаи сокинони кишварро дигар кунанд. Дар робита ба ин қайд менамоем, ки ҳама он кӯшишу заҳмат ва талоши Б.Тағойзода ва раҳбарияту пайравонаш барои мо афсонаи гӯшхарошест, ки дигар шуниданаш маъние надорад.Чунки ҳақиқатро бо сафсата, дурӯғ ва фиребу найранг пинҳон кардан мумкин нест. Хулоса, суханҳои иғвоангезонаи ҳасадхуру туҳматангези Б.Тағойзода ва умуман пайровони наҳзатиро пайваста ва доимо маҳкум мекунем. Ҳадафи асосии андешаи мо ин аст, ки бахусус, ҷавонон аз баромадҳои ифротии гуруҳаки хиёнатпеша хулосаи зарурӣ бароварда, бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошем, талаботи замонро эҳсос намоем, аз дастовардҳои илму техникаи муосир қафо намонда, чун ворисони арзандаи миллату давлат барои имрӯзу фардои дурахшон, пешрафт ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳон саъю кӯшиш ба харҷ диҳем.

Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ
