Санаи 24 сентябри соли 2024 ҷамъомад оиди лоиҳаҳои Коргоҳи Мози, ки аз тарафи Вазорати маорифи музофоти Ляонин дар шаҳри Шеняни Ҷумҳурии мардумии Чин ташкил шуда буд, баргузор гардид.Дар чорабинии мазкур Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Коргоҳи Мози дар ш. Хуҷандро Директори ДИС ДДТТ Ҷалилзода А.А. намояндагӣ кард. Зимни баромади худ Ҷалилзода А.А. доир ба густариши робитаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин, ки бо сиёсати одилонаи пешгирифтаи ҳарду сарварони кишвар амалӣ гашта истодааст, сухан намуд.
Ҳамчунин Ҷалилзода А.А. аз сафари ҳайати ДИС ДДТТ ба Чин ва сафари ҳайати Донишгоҳи педагогии Шенян ба Тоҷикистон, аз қабили иштирок дар чорабиниҳо, семинарҳо, шиносоӣ бо илм ва саноат дар доираи Коргоҳи Мози ва натиҷаҳои бадастомада ёдовар шуд. Зимни суханронӣ ӯ ҳамчунин аз аҳамияти ҳамоҳангсозии илм бо истеҳсолот ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳибихтисос, ки ба ноил шудан ба Стратегияи 4-уми миллии Тоҷикистон, яъне саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат мекунанд ва барои он метавонад нақши ҳалкунанда дошта бошад ва Коргоҳи Мози метавонад нақши калидиро дар ин самт дошта бошад, гуфтанӣ намуд.
Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Коргоҳи Мози дар ш. Хуҷанд аз ҷониби ягона маърӯзачии байналмилалӣ, директори ДИС ДДТТ Ҷалилзода Абдурашит Абдукамол муаррифӣ гардид, ки ифтихори Донишкада мебошад. Ба натиҷаҳои бадастовардашуда ва нақшаҳои фаъолияти ояндаи Коргоҳи Мози, ки Ҷалилзода Абдурашит пешниҳод намуд, аз тарафи Вазорати маорифи музофоти Ляонин баҳои баланд дода шуд.
Хотиррасон мекунем, ки санаи 20 августи соли 2024 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд маросими ифтитоҳи Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Коргоҳи Мози дар ш. Хуҷанд баргузор гардид. Мавриди тазаккур аст, ки маркази мазкур дар доираи барномаи маблағгузории Вазорати маорифи музофоти Ляонини Ҷумҳурии Мардумии Чин созмон дода шуда, аз тарафи Донишгоҳи омӯзгории Шэнян дар якҷоягӣ бо Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд фаъолияти худро ба роҳ гузошт.