
Мо аз расонаҳои хабарӣ огаҳем, ки солҳои охир раҳбарияту пайравони паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони милли..” (калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накардем, ба хонандаи закӣ ҳоҷат ба баён нест), дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, алалхусус, яке аз думравони фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин мунтазам тавассути канали YouTube -и “Isloh. tv, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” муҷириро ба уҳдаи худ гирифта, бо ҷалби шогирдонаш зимни баромадаш оид ба сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ақидаи носолим баён сохта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ иғво меангезад. Ин иғвогари бефарҳанги бешараф агар рўзе нисбати кишварамон туҳмату буҳтон наяфканад, худро ором намегирад ва кораш танҳо ғайбату тӯҳмат аст. Суханрониҳои бемантиқи М.Садридддин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин афроди иғвогари ватанфурӯши бешараф заррае дар вуҷуди худ меҳри Ватан надорад, ки пешравиҳои кишвари маҳбубамонро тан гираду боре баҳри тақвияти он пешниҳоди мушаххас карда бошад.
Хулоса, мо доимо дар оянда низ баромадҳои ифротии М.Садриддин ва шогирдонашро шадидан маҳкум менамоем ва минбаъд низ барои ҳифзи марзу буми кишвар ва умуман, вазъияти ҷаҳони муосир, зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти кишвари азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро минбаъд низ кўшиш ба харҷ хоҳем дод. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии кишвар талош варзанд.
Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ