Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ, алалхусус пайравони ТТЭ ҲНИ, алҳол паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони милли..” ва ҳаракати сиёсӣ мамнуъ дар кишвар – Гурўҳи -24 дар шабакаҳои иљтимоӣ бо навбат баромад намуда, бо суханҳои бесосу бемантиқ нисбати кишвари азизамон ҳарф мезананд. Чунончи, яке аз пайравони наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, лақабаш “Иқболбӣ” барномаи “Минбари муҳоҷир” ва яке аз думраваш Беҳрўзи Тағойзода, аъзои фаъоли Гуруҳи -24 дар барномаи “Садои мардум” зимни баромадҳои ифротӣ бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофанд.

Ин роҳгумзадагони фирорӣ тибқи супориши роҳбарияту хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳалҳо ҷудо кунанд. Ин ҳолат натанҳо дар кишвари мо, инчунин дар Осиёи Марказӣ ба назар мерасанд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳизбу ташкилотҳои экстремистиву террористӣ бо истифода аз дастоварҳои навтарини технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ,васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо хабарҳои бардурӯғ ба ҷалб намудани аъзои нав ба сафи худ машғуланд. Дар иртибот ба ин, қайд менамоем,ки бештари аъзоёну ҳаммаслакону думравони наҳзат ва Гуруҳи 24 дар макотиби хориҷӣ усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум ва нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор амалӣ намудан кўшиш доранд. Имрӯз маҳз ҳамин гуруҳаки хоинони фирории ватангадо, умуман хоинону бадхоҳоҳони миллат аз комёбиҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистонон дар ҳаросанд ва намехоҳанд, ки ваҳдату якдилӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо бошад.

Хулоса, ин ҳама навиштани андешаро аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз оварда, ба рӯйдодҳои ҷаҳони муосир воқеъбинона баҳо дода, барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақил саъю талош варзем. Таърих гувоҳ аст, ки воқеан, таърихи давлатдории навини тољикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна иғвогарии матбуотӣ, интернетӣ, ноҷӯр сохтани авзоъ дар кишварро гирад.Умуман, раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем.Хотиррасон бояд менамоем, ки мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, инчунин тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд.
А.ВАЛИЕВ ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ
