ИСТИҚЛОЛ- ВОЛОТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ!

Таърих гувоҳ аст, ки Истиқлоли давлатӣ ва расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Истиқлоли давлатӣ, воқеан волотарин дастоварди миллати тоҷик аст, ки мо дар арафаи истиқболи 34-умин солгарди он қарор дорем. Тоҷикистони азизи мо давоми 34 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае, дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаҳои бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯй ба манфиати халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Тавре қайд намудем, воқеан Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани Истиқлол ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, Ватани худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯйи ояндаи дурахшон устуворона қадам гузоранд.
Истиқлол рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокорона баҳри расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебоашд, ки меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, дар як вақт, ҳаёти озодонаи сокинон ва бахту саодати ҳақиқии миллатро таҳким бахшид. Истиқлоли кишвар барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардонидан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи чор ҳадафи стратегӣ– баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръат вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисобида шуда, муҳайё намудани заминаҳои воқеии рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани иқтисодиёт низ муҳим шуморида мешавад. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро, бо пешбурди «сиёсати дарҳои боз», роҳандозӣ кунад, Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи хоси худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст ва дар сиёсати хориҷии худ соҳибташаббус мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани чандин пешниҳодҳои глобалии он далели возеҳи ин гуфтаҳост. Тибқи андешаи мантиқии Пешвои миллат, «Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид».
Бояд зикр кард, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд. Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тӯлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд. Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Имсол низ бахшида ба санаи таърихӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани беш аз чандин иншоотҳо дар назар аст. Тавассути истиклол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Мо минбаъд низ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам машҳуртар гардидани Таҷикистони азиз кушишу ғайрат намуда, ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ, неруи тоза ва азму иродаи қавӣ баҳри пешрафт ва ободии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро хоҳем гузошт.

М.МАМАДЧОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *