ИҒВОАНГЕЗИИ НАВИ М. КАБИРӢ ДАР НИШАСТИ САҲА

Ҳар як созмону ҷамъиятҳои ҷаҳонӣ нисбати зуҳуроти терроризму экстремизми дошта бо як нигоҳи хитобангез менигаранд, зеро терроризм ва экстремизм ин як зуҳуроти номатлубе мебошад, ки дар солҳои охир тамоми аҳолии манотиқи ҷаҳонӣ инчунин кишвари азизи моро низ ба ташвиш овардааст.

Хосиятан аъзоёни хиёнатпешаи ТТЭ ҲНИ ба ҳар роҳҳову воситаҳо ва кирдорҳои номатлубашон ҷавонони моро гумроҳ менамоянд. Ба ҷавонон ваъдаҳои бардурӯғ медиҳанд, “соҳиби маблағу моликияти зиёд мешави” мегӯянд, ва ҷавонони моро гумроҳ месозанд. Ин аз ақидаи пасту бешуурии онҳо гувоҳи медиҳад. Яке аз мисолҳои амиқи гуфтаҳои боло баромади роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ, ки санаи 8 март ҳангоми нишасти матбуотии яке аз созмонҳои бонуфузи адолатпеша ва ҳомии ҳуқуқҳои инсонӣ Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар шаҳри Варшава баргузор гардид мебошад.

Дар баромадаш дурӯғу иғвоҳои номатлубро нисбати ватани азизамон, модарону хоҳарони мо иброз дошт. Дар тамоми мамолики ҷаҳони 8 март ҳамчун рӯзи модар ҷашн гирифта мешавад, зеро модар фариштаи рӯи замин аст чунончи шоири ширинқалам Озар Салим менависад:

Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,

Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт…

Модари бузурги тоҷик дар ҳама давру замон ҳимоятгари ватану миллат, фарзандони хеш буд, ва моро зарур аст, ки қадру қиммати модар – фариштаро дарк намоем. М. Кабирӣ дар ҷанозаи модари худаш иштирок накард ҳол он, ки вай имконияти иштирокро дошт, боз дар мавриди зану модари тоҷик сухан мегӯяд…ин аз он шаҳодат медиҳад, ки М. Кабирӣ ҳаққу ҳуқуқӣ суханрониро нисбати модару занони тоҷик надорад. Вай худаш як палид аст, як ифротгар аст, пас аз куҷо қадру қиммати модарро донад!

Ба монанди М. Кабирӣ роҳгумзадагони ифротгаро бисёранд, аммо ҳар як фарди солиму ақидаи солим дошта бояд қадру қиммати модарро донад, модару хоҳари худ, занони тоҷикро ҳурмату эҳтиром намояд. Дар ин маврид суханҳои шоири зиндаёд, устод Л. Шералиро мисол меоварам:

Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,

Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст…

 

  Бузрукова С.Ф.-ҷонишини декани факултети

 иқтисодиёт ва технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *