ИСЁНИ ҶОНСӮЗИ МОДАР НИШОНИ ВАТАНДӮСТИСТ ВА МАРДОНАГИСТ!

 

Мусаллам аст, ки ҳадафи асосии терроризми динӣ ба ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал баровардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ, таъсиррасонӣ ба вазъи сиёсии ҳоимият ва бо мақсади ба амал овардани вазъияти тарсу ҳаррос ва тарсонидани аҳолӣ нигаронида шудааст.

Дар ҷомеаи муосир терроризм ва экстремизм яке аз омилҳои хавфноки ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи пуршиддат бар зидди ин навъи хатар, ба вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷа мубаддал гардидааст.

Боиси саодатмандиву ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 29 соли охир, хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта то ин ҷониб, ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таҷрибаи калон ба даст оварда, миллати соҳибиффати тоҷик аз нахустин давраҳои рушду такомули худ дар дарозои таърих бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад, чун ҷиноят ва ҷинояткорон дар тасаввуру фаҳмиши ин халқи соҳибхирад ҳамчун амали манфӣ нақш бастааст.

Изҳороти Гулчеҳра Шодмонова, ки ТТЭ ҲНИ-ро маҳвсозандаи ҳаёти фарзандаш Ҳусейн Абдусамадов медонад, собитгари нуктаи фавқуззикр аст. Ин модари тоҷик бо ин амали худ Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо- ро, ки барои ТТЭ ҲНИ- гумроҳкунандаву маҳвсозандаи ҳаёти чандин ҷавонони тоҷик, минбари гуфтугӯйӣ фароҳам овардаву мизбони он ба шумор меравад, маҳкум намуд. Воқеан эътирози Гулчеҳра Шодмонова возеҳ месозад, ки ҳар модари тоҷик маҳкумкунандаи терроризму экстремизмбуда, ҳаргиз ҷангу хунрезӣ намехохад ва толиби сулҳу салоҳи кишвар аст.

 

Файзиева С.А.-мудири кафедраи

                                                                забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *