Дар барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ бо дидани намоиши филми мустанад таҳти унвони “Бозгашт аз ҷаҳаннам”, ки яке аз узви раёсати ҲНИ бо ному насаби Аёмиддин Сатторов мебошад, доир ба амалҳои номатлуб,аз қабили террористӣ бо баробари иқрору пушаймониаш фаъолияти кунунии ҳизби мазкурро зери эрод гирифт. Ӯ дар рафти баромадаш асосан роҳбари кунии ҳизб М.Кабириро гунаҳкори асосии нооримиҳо ҳисобида, аз ҷумла қайд кард, ки ҳақиқатан солҳои 90 қарни гузашта ҲНИ бо дархости хоҷагони хориҷии худ ҷавононро ба худ ҷалб намуда, сафи худро дар Тоҷикистон зиёд намуд. Соли 1991 ҲНИ расман ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар саҳни сиёсат пайдо гардид. Аммо касе намедонист, ки онҳо нияти нопок доранд. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд,ки ин боиси ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш руи майдон омаданд. Ҳодисаҳои солҳои 2011 дар Камароб, соли 2012 дар Хоруѓ ва моҳи сентябри соли 2015 амалҳои нобахшидании худро анҷом дода, боиси марги чанд тан бегуноҳон гардиданд,ки аз ҷониби Сатторов А. содир шудани ҳодисаи нангинро бо шарҳу эзоҳ иқрору тасдиқ намуд. Ин далел бори дигар собит менамояд, ки чеҳраи воқеии экстремистӣ ва террористии ҲНИ ба мардум ошкору тасдиқ шуд. Мардум борҳо иддао доштанд, ки ақидаҳои ташкилоти террористии Ҳизби назҳати исломӣ бо таълимоти мазҳаби ҳанафӣ созгор нестанд, зеро аз даъватҳои ТТЭ ХНИ буи хун меояд.
Мо,омўзгорон рафтору кирдори ин шахсиятҳои беҳаёву хиёнаткор аз арзишҳои ислом сўистифода намударо, ки боиси ба ризқи мардум зомину ҷону номуси мардум таҷовуз карданд, маҳкум менамоем. Онҳо мехостанд ба ақидаҳои бегонапарастии худ, ки сарчашма аз хоҷагонашон мегирифтанд, субот ва сохти Конститутсионии Ҳукумати феълиро сарнагун созанд, вале тирашон хато рафт ва давлати ҷавону пуриқтидори Тоҷикистон ба онҳо посухи муносиб дод.