ХОИНОНИ МИЛЛАТ БАС АСТ, ҶАВОНОНРО РОҲГУМ ЗАДАН!!!

Имрўз дар ҷомеа шоҳиди ҳолатҳое шудан мумкин аст, ки бархе аз инсонҳо ба хотири манфиатҳои молӣ суботу оромии Ватан -Модарро дида наметавонанд. Мисоли ин гуфтаҳо террорист ва хоини миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов ва пайравони онҳо мебошанд. Кабирӣ сардори паймони зиддимиллӣ дигар чорае надорад, бо ҳар гуна сафсатаҳояш худро машщул карда ба мисли саги дайду, ки ба ӯ касе аҳамият нахоҳад дод. Зеро аз рўзҳои аввали фаъолияташон ин хоинони Ватан ҳамеша бадандешиву бадниятиро дастури худ қарор дода, бо роҳнамоиву ҳидоятҳои хоҷагонашон мунтазам фаъолият мекарданд. Хоинону миллатфурӯшон, ки монеаи пешрафту тараққиёти мардум мешуданд ҳамаро боз медоштанд ва ҳар нафаре ба пешрафт дастёб гашт  ӯро  ҳукме ба “кофир”, “бехудо” ва монанди ин мебароварданд то дигарон аз дастуру супориши эшон сарпечи накарда ғуломи ҳамешагии онҳо бошанд. Гумроҳ намудани ҷавонон ва онҳоро ба ҳар восита ба роҳи хиёнату ҷаҳолат даъват намудан имрӯз ба дасти хоиноне мисли ту ва аъзоёни ТТЭ  ҲНИ амалӣ мегардад, ки идомадиҳандаи “кору пайкорӣ”, ҳамон “босмачӣ” аст, ТТЭ ҲНИ  ру ба муфлисшавӣ оварда истодааст, бо вуҷуди ин дасисаҳояшон аз номи ислом баромад мекунанд. Дину мазҳабро ба тиҷорат табдил додаанд, ки худро роҳбари ҳизб машҳури дунё карда аз номи ислом баромад мекунанд, мусоҳибаҳо мегузаронанд, исломро ба тиҷорат табдил додаанд. Ба буду набуд  дар зиндагӣ қаноат накарда худашонро ба гирдоби тероризм гирифтор карданд. Барои нафсашонро қонеъ кардан ҳар гуна амалҳои мудҳишро нисбати халқу давлатӣ худ раво дида аз ҷониби роҳбарони хориҷиашон маблағҳои калон ба даст меоранд. Бо ин амалҳояшон мардуми тоҷик ва Тоҷикистонро фирефтаи худ сохтанианд. Дар Паёми худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис тон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид месозад, ки танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои муайяннамудаамон наздик мекунанд. Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи бартараф кардани ҳамаи мушкилот ва иҷрои ҳама гуна амалҳои нек мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии арзандаи ҳар фарди Ватан шароити мусоид фароҳам меоранд. Мо мардуми тоҷик медонем ва бовар дорем, ки ҳеҷ ақидаву афкоре наметавонад ба устувории фикрии мо латма занад ва моро ба бегонапарастиву миллатфурӯши даъват кунад. Дигар ҳама он кӯшишу заҳмат ва талоши хоинону нобакороне мисли ту ва ҳамсангаронат барои мо афсонаи гӯшхарошест, ки дигар шуниданаш маъние надорад. Зеро амалу андешаи нафароне мисли ту дигар барои мо ҳамон “босмачии” хоин ва ТТЭ ҲНИ  таин аст.  Маҳз барои ҳамин мардум, махсусан ҷавонон, бояд ҳушёр бошанд. Касе ҷонибдори босмачигарӣ аст – ҷонибдори ҳаракати «Давлати исломӣ» аст, ки намунаашро мо дар Ироқу Сурия мебинем».

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *