Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки рушди технологияҳои иттилоотиву интернет,алалхусус шабакаҳои иҷтимоӣ агар аз як тараф барои башарият имкони ҳалли бисёр муаммоҳоро фароҳам оварда бошад, аз тарафи дигар дар шароити кунунӣ баъзе хатару таҳдидҳоро барои амнияти миллӣ ва суботи сиёсии давлатҳо ба вуҷуд оварда истодааст. Баробари ин, бояд қайд кард, ки бар пояи гузориши April Global Statshot report, истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳон – 4,65 миллиард ё 58,7 дарсади шумораи умумии аҳолии сайёраро дар бар мегиранд. Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи умумии симкорти истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7 миллиону 943 ҳазору 309 ададро ташкил медиҳад, ки 5 миллиону 460 ҳазору 504 муштариёни фаъол мебошанд. Ҳоло дар кишвар шумораи истифодабарандагони интернет ба 4,5 миллион расидааст. Гузашта аз ин, наздики як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишваранд.
Таҳлили ҳодисаву равандҳои сиёсии чанд соли охири ҷаҳон собит менамояд, ки аксари ҷангу низоъҳои дар ин ё он давлат рухдода маҳз ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳрезӣ ва ба вуҷуд оварда шудаанд. Бинобар ин, имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳони муосир таъмини амнияти иттилоотӣ ҷузъи муҳими амнияти миллии кишварҳо арзёбӣ мешавад. Чунки давлатҳои абарқудрат ва гурӯҳҳои манфитҷӯй, аз ҷумла ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, барои пиёда кардани ҳадафҳои геополитикӣ аз воситаҳои ахбори омма, алалхусус шабакаҳои интернетро васеъ истифода намуда, бо ин васила ба ташаккул ва тафаккури инсонҳо таъсир мерасонанд. Аз ин лиҳоз, ҳузури созмонҳои террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хатари ҷиддиро барои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст. Маҳз, бо назардошти чунин ҳолат давлатҳои миллӣ дар шароити кунунӣ ба масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва дар маҷмуъ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа таваҷҷуҳи бештарро равона намудаанд. Дар робита ба ин бояд қайд кард,ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ба хотири пешгирии хатару таҳдиди созмонҳои ифротиву террористӣ тадбирҳои муҳим аз ҷониби давлат амалӣ гардида истодаанд. Чунончи, яке аз тадбирҳо таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ мебошад, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он ироа гардид . Воқеан, ташаббусии навбатии Сарвари кишвар оид ба таъсиси чунин як ниҳод дар шароити имрӯза амали саривақтист, ки хатару таҳдидҳои иттилоотиро танҳо бо роҳи пешбурди муборизаи самаранок метавон пешгирӣ ва бартараф сохт. Аз ҳамин нуқтаи назар, таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ имкон фароҳам меорад, ки хатарҳои эҳтимолии дар фазои маҷозӣ ба вуҷудоянда пешгирӣ ва таъсири манфии таҳдидҳои воқеӣ бартараф карда шаванд.
Дар фарҷоми андешаи хеш, қайд менамоем, ки ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд. Ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Хулоса, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза таъмини амнияти иттилоотии давлат аст. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон пешгирӣ намуд.
М.Ахмедов,
устоди ДИС ДДТТ