ХОИНИ НАҲЗАТИҲО ОШКОР ШУД!

Тоҷикистон  давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръати баланд рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Мо мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди он ҳастем, ки давлати дар байни оташи ҷангу харобиҳо қарор доштаро, ки умуман ба тинҷӣ ва осоиштагии он боварии касе намеомад, ин марди абарқудрат роҳбарии онро дар чунин вазъияти душвору вазнин ба уҳда гирифта, таъмини амният ва сулҳро ба тамоми мардуми Тоҷикистон ваъда карда, онро дар амал татбиқ  гардонид.
Сулҳу осоиштагӣ ва пешравии давлати мо имрӯз аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва  тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ таъмин мебошад. Бояд дарк намуд, ки ин гуна пешравиҳо бо меҳнат ва заҳмати гарони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат таъмин  шуда истодаанд..
Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстримизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори бештар бидиҳанд.
Мутаассифона, нафароне низ вуҷуд доранд, ки барои манфиати хеш шуда, мехоҳанд ватани худро бифурӯшанд, ки онҳо ҳамчун хоини миллат эътирофшуда мебошанд. Амали чунин нафарон метавонад сабаби харобӣ ва умуман боиси сар задани ҷангу хунрезиҳои зиёд шавад. Аксарияти ин нафарон дар зери ниқоби Ислом, бо гирифтани маблағу кӯмак аз хориҷи кишвар мехоҳанд дар давлати тинҷу осоиштаи мо ҷангу хунрезӣ эҷод намоянд.

Махсусан ташкилоти экстремитсию террористии ҳизби наҳзати исломӣ дар вақти дар Тоҷикистон фаъол буданаш бо тамоми гуруҳҳои мухолифин ва террористии олам пинҳонӣ робита доштааст, ки бо гузашти вақт ва пароканда шудани бархе аз аъзоёни ин ташкилоти террористӣ, робитаи онро бо дигар ташкилотҳои террористӣ ошкор шуд. Махсусан пайванди ТЭТ ҲНИ бо гурӯҳҳои террористии байналхалқии «Ихвон-ул-муслимин», «Ал-қоида», «Толибон», «Амороти Қафқоз», «Ҳизби исломии Афғонистон», «ҲАМОС», «Ҳизбҳои ифротии Туркия», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ансоруллоҳ», «ДОИШ» бисёр решадор аст.  Таърихи ҲНИ ба таври зайл оғоз гардидаст.

Охирҳои моҳи сентябри соли 1991 Ҳизби наҳзат расман сабти ном шуд. Баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ соли 1992 ва ошкор гардидани дастдории наҳзатиҳо дар ин ҷанг вазорати адлия фаъоляти ҳизби наҳзати исломро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон кард.

Дар баробари оне, ки наҳзатиҳо дар аланга ва афрӯхтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва Тоҷикистонро ба коми оташ кашонидан даст доштанд, Ҳукумати кишвар бо роҳбарии шахси хирадпешаву ватанпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро авф намуд ва аз гуноҳашон гузашт. Яъне дубора соли 1999 Ҳукумати кишвар ба ҳизби наҳзат иҷозаи фаъолият дод.

Намояндагони ҲНИ сӯйистифода аз номи дини мубини ислом мехоҳанд амалҳои разилонаи хешро ба анҷом расонанд. Чун дар тинату сиришти ин тангназарони кӯрдил нопокиву разолат ҷой дошт боз аз таҷрибаи талхи таърих ибрат нагирифта, соли 2015 даст ба амалиёти мусаллаҳонаи ҳоҷӣ Ҳалим пардохтанд ва ҳамин тариқ бо роҳандозии ошӯби мусаллаҳонаи ҳоҷӣ Ҳалим моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҳизби наҳзати ислом дар манъ карда шуд.

Бо манъ гардидани фаъолияти ҳизб дар кишвар Кабирӣ ҳамеша дар хориҷ даъвои ҳимоят ва пуштибонӣ аз наҳзат мекард ва ҳамаи масъалаҳои марбут ба фаъолияти ташкилоташро интихоб ва ё андешаи аъзоёни ӯ медонист. Ҳар тадбире, ки ин ташкилоти тахрибкор амалӣ мекард онро Кабирӣ набалки андешаи шахсии худ, балки андешаи аъзоёну пайравони ТЭТ ҲНИ медонист. Ҳамеша Кабирӣ ҳизби наҳзатро ба хотири ислом дифоъ мекард ва бо ин ном ва ба хотири ҳимояву дифоъ аз ислом аз хоҷагони хориҷӣ маблағ меситонид.

Давлятова Ч.А. н.и.ф.,
муаллимаи калони кафедраи забонҳои хориҷӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *