ШИКАСТИ ТТЭ ҲНИ ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ

Эй нохалай, эй нохалаф,
Хостат нарафта бар ҳадаф!

  Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъан давлати  дунявӣ мебошад. Мувофиқи муқаррароти моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Мафкураи ҳеҷ як ҳизб иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё гуруҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонад. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъияти ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунад, манъ, аст”.

Кумакрасонону пуштибонони ТТЭ ҲНИ то ба имрӯз ин ҳизби терористиро маблағгузорӣ мекунанд, то садое пур аз ҳақорату таҳдиду таҳқиру интиқомситониро баланд намоянд. Аз гуфтори инҳо бармеояд, ки аллакай косаи сабрашон лабрез шудааст ва бар ивази маблағҳои додаашон ташаннуҷи авзоъро дар минтақа талаб доранд. Ҳамаи ин ба хотири манофеи шахсиву гурӯҳӣ ва амалӣ кардани аҳдофи хушунатбор асту бас. Зеро аз хориҷ идора мешаванд ва талабу хостаҳои онҳоро иҷро мекунанд. Гуфтаҳову хостаҳои ТТЭ ҲНИ дигар ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ надорад, зеро он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Танҳо ҳарфу суханҳои бо макр олудаи наҳзат аст. Ҳамаи гуфтаҳои ғаразнок ва пур аз хусумат аз он шаҳодат медиҳад, ки наҳзати исломӣ аввалан, аз таҳлили илмии масъала фарсахҳо дур буда, танҳо дар чорчӯби кашидаи аҷнабиён ҳарф мезанад ва амал мекунад.

            Аксари намояндагону роҳбарони созмони экстремистию террористии ҲНИ аз ҷумлаи афроди авомфиреб ва тафриқаандоз буда, дар байни мардум ҳамин шуғл доштаанду доранд. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳамин вокуниши бесарупои ин созмон буда, ки сомон медиҳанд. Зеро онон ба рафторҳои ношоистаю ғайриақлонӣ ва ғайриисонӣ одат кардаанду наметавонанд, ки аз ин одати бад даст бикашанд

            Чун амалҳои пасипардагии ин разилон бори дигар рӯиросту пинҳони бо супориши хоҷагони хориҷиашон сурат гирифт, бо хоҳиши ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон соли 2015 ҳизби наҳзати Ислом бо қарори Суди Олии кишвар ҳамчун ташкилоти террористӣ – экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Мо, халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол сарҷамъона бар зидди кирдорҳои душманонаи наҳзатиён ва дигар пайравони онҳо, бар зидди ғояҳои ифротгаронаи онҳо муборизаи беамон бурда, дар ҳимояи сохтори конститутсионии кишвари азизамон камари ҳиммат мебандем. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, сиёсати сулҳовару инсондустона, маорифпарваронаву хирадмандона ва созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, аз пештара дида бештар аҳлу тифоқу муттаҳид гардида, барои гулгулшукӯфоии Ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро мегузорем.

            Бояд гуфт, ки дар воқеъ таъмини амният ва субот ва ҳифзи сулҳу оромӣ аз муҳимтарин самтҳои сиёсат ва барномаи давлати Тоҷикистон мебошад. Зеро ҳама гуна барномаи тавсеъа ва пешрафт, дар ҳар соҳа ва самте, ки набошад, танҳо дар бистари сулҳу субот ва амнияту оромиш қобили иҷро мебошад. Ҷомеаи Тоҷикистон, ки як давраи ҷангӣ дохилии панҷсоларо пушти сар гузоштааст, ба сулҳу субот ва амнияту оромиш арҷ мегузорад ва бо ҳар василае талош мекунад, то сулҳу суботи барқароргаштаро ҳифз кунад.

Аммо ғаразҳои сиёсии ТЭТ ҲНИ, ки ба манфиатҳои геосиёсии хоҷагони хориҷии худ алоқаманд мебошад, ҳамаи ин дастовардҳои давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро наметавонист бинад. Дар ниҳоят ТЭТ ҲНИ моҳи сентябри соли 2015 бо дастаи Ҳоҷиҳалим Назарзода, ки дар он вақт вазифаи муовини вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, хост дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ амалӣ созад, аммо ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд. Овози баланди мардуми мо “Ман Ватанамро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”-пирӯзии комили мардуми тоҷикро таъмин намуд. Ин гӯҳи нотавонбини аз оламу одам норозӣ ҳеҷ вақт ба мақсади худ нахоҳанд расид. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИТ-ро ба назар гирифта бо Қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ карда шуд ва он чун ташкилоти террористию экстремистӣ эълон гардид. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гуруҳи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии азизамон саҳми худро гузорем.

            Имруз Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демоктарӣ ва ҳуқуқбунёд эътироф гардида, барои беҳдошти рӯзгор ва сулҳу ваҳдат дар сайёра тариқи созмонҳои байналмиллалӣ ҳамеша талош меварзад. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободӣ ва сарсабзии Тоҷикстон камари ҳиммат баста, пайи ҳифзи амният ва суботи Тоҷиикстони азиз парчами нангу номус барафрохтанд.

Асистенти кафедраи тиҷорар
ва ҳуқуқи ДИСДДТТ
Маҳмудов Ш.У.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *