ХИЁНАТҲОИ БАДХОҲОНУ  БАДАНДЕШОНРО МИЛЛАТ НАМЕБАХШАД !

 

Дар давоми сол  ва моҳҳои охири соли ҷорӣ дар натиҷаи мутолиаи маводи таҳлилӣ дар воситаҳои ахборҳои умумӣ ва вебсайти байналмилалии интернетӣ ҳар инсони соҳибақл дар доираи масоили пандемияи коронавируси “COVID-19″ хулосаву андешаронӣ карда, ҳар чизе, ки вобаста ин дар Тоҷикистон рӯй медиҳад, шукри Худо, тоқатпазир аст. Имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирии ин вабои аср тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд. Бо вуҷуди ин мусбати мӯътадили иҷтимоӣ-сиёсӣ дар ҷомеаи мо, як қатор  афроди мухолифини фирорӣ, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ мисли як зоғи сиёҳ, одамонро ба иғво андохтан ташвику тарғибот намуда, ба ҳар хел ҳаракатҳои зидди конститусионӣ даъват менамояд.

Аввалин паёми видеоии М.Кабириро ба ёд оред, ки суханронии Муссолиниро ба ҳимоят аз Гитлер ба хотир оварда, ба сарнагунии шадиди ҳукумат дар Тоҷикистон даъват карда буд.  Дар баробари ошкор шудани симои аслии Муҳиддин Кабирӣ сарчашмаи маблағгузории Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) ошкор шуд. Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум аст ва мардуми Точикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ аз вакте, ки аъзо ва баъдан роҳбари собик ҲНИ шуданаш ба ҳалқу ватани худ хиёнат карданро сар кард.

Муҳиддин Кабирӣ муддати чанд сол аст, ки аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш обрую нуфузи Точикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст кардан кӯшиш намуда  истодааст. Бояд ёдовар шуд,ки Кабирӣ қаблан бо аъзоёни ҲНИ аммо дар асл ташкилоти террористии ҲНИ буд ,солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта, Точикистони азизи моро ба хоку хун оғушта карда буд. Маротибаи дуюм Кабирӣ ва хамаслаконаш моҳи сентябри 2015 кӯшиш карданд, ки Точикистони гул гул шикуфта истодаро ба хоку хун оғушта кунанд, вале хушбахтона  ғарази навбатиаш  амалӣ  нагардид. Зеро халқи бошарафи тоҷик игуна ашхоси нокасу палидро ба хуби шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд.

Имрӯз як қатор пайравони Муҳидин Кабирӣ, ки дар Аврупо қарор доранд, зери шиори ӯ ва нақшаву мароми ташкилоти ӯ лоф мезананд.Суол ба миён меояд, ки чаро Муҳидин Кабирӣ умуман наҳзатиҳо миллату давлат, дину оин ва мазҳаби худро фурӯхтанд? Ба ин суол бе ягон душворӣ бо далелҳои асоснок бояд посух дод, ки ҳамаи ин ба маблағ вобаста аст! Аниқтараш маблағи ҳоҷагони хориҷӣ. Масалан 1миллиону 200 ҳазор доллари амрикоиро барои табодуллоти Тоҷикистон ба собиқ генерали хоин Назарзода Абдуҳалим додааст. Имрӯз Тоҷикистон он давлати солхои 1992 нест ва мардуми он оқибати ҷанги шаҳрвандиро дидаанд. Дар урфият мегӯянд, ки вақт довар аст ва офтобро бо доман пӯшида намешавад. Воқеан рафтору гуфтор ва амалҳои номатлуби наҳзатиён, бахусус Кабирӣ дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”бо далелҳои раднашаванда бори дигар ба ҳамагон аён гардида, тасдиқи худро ёфт.

Мо мардуми боору номуси кишвар таҳдиду ғайбат ва бадгумонии наҳзатиёнро шадидан маҳкум карда, намегузорем, ки нохалафон ба мисли М.Кабирӣ бар зидди кишвари мо сухан гӯяд. Хулоса хиёнатҳои бадхоҳону бадандешонро миллат намебахшад. Барои мубориза бурдан бо душманони давлат ва миллат, хоинону, зархаридони хориҷӣ тамоми мардуми Тоҷикистон омода ҳастанд. Имрӯз  нисбаташон муборизаи беамон бурда истодаанд ва ҳоҳанд бурд!

    

МАҶИДОВ АБДУНАСИМ,

 н.и.и., дотсенти кафедраи

назарияи иқтисодӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *