ДУРӮҒПАРДОЗӢ ВА ДАСИСАБОЗИИ КАБИРӢ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

 

Имрӯз собиқ аъзоёни Ҳизби террористӣ экстремистии мамнуъшудаи наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ва  роҳбари он М.Кабирӣ дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурда, бо ҳар роҳу восита махсусан тариқи роҳандозии хабару маколаҳои ғаразнок сиёҳ кардани давлату миллати точикро зери ҳадафи худ қарор додаанд. Мусоҳибаҳо, суханрониҳо ва матолиби ӯ аз корбурди вожагони болои моломол аст ва тавассути технологияи суханвари чомеаро тахти таъсири равони, забони, такаллуми ва сиёси карор доданӣ мешавад. Наҳзатиҳо, бахусус Кабирӣ танҳо аз рӯи дуруғпардозӣ ва дасисакоронааш мехоҳад ба зеҳнҳо таъсир расонида, ба боварҳои мардум даромада, ҷойгоҳеро аз худ ба вуҷуд оварад.  Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ҳар рӯз дар сомонаҳои интернетӣ дӯрӯғҳои навро кофта бароварда пахш менмоянд ва бо ҳар гуна обу ранги бадеӣ ва бо роҳи фиреб мардумро гумроҳ кардан мехоҳанд. Дар урфият мегӯянд: умри дурӯғ кӯтоҳ аст ва офтобро бо доман пӯшида намешавад. Воқеан амалҳои содирнамудаи наҳзатиён, бахусус Кабирӣ дар филмҳои ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам», «Хиёнат» бори дигар ошкору исбот шудаанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон фазои сулҳу осоишта фароҳам омада, мардум ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкораи худ кӯшиш ба харҷ оварда истодааст, ки фазои онро боз ҳам осоиштатар гардонад. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллат – М.Кабирӣ,  М.Садриддини бешараф  дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурӯғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати ватан сухан гӯянд. Бо баробари ин ҳар як фарди бедордили ҷомеаи имрӯза, бахусус ҷавонон ҳамеша ҳушёриву зиракиии сиёсиро аз даст надода, барои пешрафту ободии сарзамини хеш камари ҳиммат бубанданд. Мо чавонон пайравони Пешвои маҳбуби миллатем ва ҳамеша тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон корро дар ин самт ҷоннок ба роҳ мемонем.

ВАЛИЕВ А.,

 ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *