НАҲЗАТИЁНИ ҲАСУДХӮР АЗ ДУРӮҒУ БӮҲТОН ИСТИФОДА МЕБАРАНД !

 

           Вақтҳои охир аз ҷониби ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ)  интишори матлаби иғвоангез дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ, махсусан  нодида гирифтани дастовардҳои даврони соҳибистиқлол, ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта ба назар мерасад. Воқеан бадномкуниҳои наҳзатиён шабеҳи туҳматҳои қаблӣ ҳаст, аммо бо шаклу намуди дигар. Наҳзатиёни ҳасудхӯр аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд.

Тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа натанҳо нисбати давлату миллат, инчунин нисбати шахсиятҳои баландпояи сатҳи байналмилалӣ бадгумонӣ карда, тухми кинаву адоватро мекорад. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки М.Кабирӣ дар яке аз баромадҳояш дар барномаи “Паймони миллӣ…” худро “сиёсатшинос” шуморида, бо пеша намудани дурӯягию дурӯғгӯӣ нисбати шахсиятхои сатҳи ҷаҳонӣ суханашро иғвоангезона баён дошт. Чунончӣ нисбати Иосиф Сталин мисолҳои бемавриду бемавқеъ андешаронӣ намуда, мавқеи манфии худро баён намуд. Хушбахтона ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлол имрӯз фикру андешаи солим доранд ва аз таърихи Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ огоҳ ҳастанд, ки дар рушду нумуъи давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон низ ҳамчун як узви он маҳсуб меёфт, нақши И.В.Сталин ҷойгоҳи хоси худро дорад. Инчунин М.Кабирӣ дар рафти баромадаш Президенти Ҷумҳурии Белоруссия, Александр Лукашенкаро эрод гирифта, вобаста ба масъалаи фурудгоҳ ва сиёсати пешгирифтаи он андешаи носолим баён кард. Ба андешаи мо нисбати Ҷумҳурии Белоруссия, ки бо давлати мо робитаи дӯстию ҳамкорӣ дорад. ва ё умуман шахсиятҳои шинохтаи сатҳи байналмилалӣ, ҳар шахс бояд бо эҳтиёт сухан гӯяд! Бо баробари ин  зимни баромадаш М. Кабирӣ дар бораи роҳбарони фашистон, оид ба Гитлеру Гебелс ва китоби он, сухан кард. Ин чӣ маънӣ дорад?!  Ба андешаи мо имрӯз наҳзатиёни ҳасадхӯри фитнагар дар киштии ғарқшаванда қарор доранду, чун калламушон барои наҷот ёфтан худро ба ҳар кӯ мезананд. Оқибати кори хиёнаткор ҳамин аст! Хулоса имрӯз наҳзатиён, бахусус Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф ғайр аз дурӯғу бӯҳтон гуфтан, дигар коре надоранд! Мавриди зикр аст, ки ҳеҷ як шахси бадхоҳу бадкирдор, ҳасадхӯру финтагарон  ба мақсад нарасидааст ва нахоҳад расид. Дар робита ба ин  з забони шоир гуфтанием:

Ин фитнагарон боз ба найранги дигар,

Доранд ба ҷойи оштӣ ҷанги дигар.

Хулоса мо дар фарҷоми мақолаи хеш  суханҳои беасоси бадхоҳони миллат-наҳзатиёни хасадхӯрро шадидан маҳкум менамоем. Боварӣ дорем, ки минбаъд низ мардуми боору номуси тоҷик ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон ва душманони миллат нахоҳанд шуд. Намегузорем, ки пои нохалафе марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд.

                                                                                               ДИЛАФРӮЗ ҲОМИДОВА,

                                                              корманди шӯъбаи табъу нашри

                          ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *