ХИЁНАТ БАР ВАТАН АМАЛИ НОБАХШИДАНИСТ!

Мо тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки имрӯзҳо, яке аз пайравони фаъоли наҳзат, афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин бо думравонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, амиқтараш тариқи сомонаи ифротӣ бо номи  “Ислоҳ нет”, мунтазам дар барномаи “Минбари муҳоҷир”бо баёнияи тазоҳургаронаашон баромадҳо намуда, нисбати Тоҷикистон ва миллати сарбаландамон бадгумонӣ карда, рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида мегиранд ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ менамояд. Бо шунидани суханҳои М.Садриддин ба назари кас афроде намудор мешавад, ки дили торику пур кина дорад. Тафаккураш олудаи кинаву мазаммат аст, имрўз фирорӣ шуда, дар кишвари Аврупо аз минбар истода, худро “уламои дин” шуморида, дар бораи “ сиёсат ва адолат” гап мезанад. Боиси сад афсӯс, ки душмани миллати тоҷик худи тоҷик аст, ки дар ҳамин сарзамини биҳиштосо ба воя расидааст ва чун кӯрнамаки нобакор ба хоки сарзамини худ хиёнат мекунад. Ба гузаштаи на чандон дури М.Садриддин назар андӯзем, дарҳол сурату сирати аслии ин махлуқ маълумамон мешавад. Намедонам Шумо – хонандаи закӣ чӣ андеша доред, аммо барои ман сухани шахсе, ки бо волидайнаш муносибати одамӣ надошт ва ҳатто бо падари худ ҷангиву қаҳрӣ буд. Ва ана ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддин, ки имрӯз аз худ мусалмони рақами №1 тарошида, худашро ҳомиву пуштибони дини мубини ислом ва озодандешу мубориз мешуморад, дар асл як раҳгумзадаи бесаёқе ҳаст, ки ҳатто падараш аз ӯ розӣ набуд. Аслан барои ин гуна нафарон оила меҳр муҳаббат муқаддасот чизи муҳим нест. Зеро онҳо аз ин шириниҳои зиндагӣ дар канор ҳастанду пулу моле, ки онҳо аз хоҷогон, яъне фармондеҳашон мегиранд чашмони онҳоро шира кардааст ва  вуҷудашон аз андешаҳои ғаразмандонаву таъсири идеологияи бегона саршор аст калимаҳои муқаддас чун “Модар” “Ватан” бегона аст.

 

Баробари ин, бояд қайд кард,ки вақтҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ думравонаш бо номи Беҳрўз Тағойзода дар барномаи “Садои мардум”ва дигаре бо номи Ҳусейн Ашўров дар барномаи “Ҳақ ва ботил” бо мақсади паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ баромадҳои иғвоангез менамоянд.Таъкидан ба М.Садриддин ва ба думравони роҳгумзадааш гуфтанием, ки имрӯз ҷавонони Тоҷикистон боақлу тамизанд, кӣ будани шуморо медонанд ва ба дасисаҳои шумо баринҳо хиёнаткори миллат бовар намекунанд. Бояд хотиррасон кард, ки хиёнат бар Ватан амали нобахшиданист!

Дар интиҳои андешаи хеш аз мардуми сарбаланди кишвар, аз ҷумла ба шаҳрвандони муҳоҷирони меҳнат қарордошта, даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи душманони миллат ба гирдоби ҷангу ҷилолҳо кашида шавад.

Хулоса, суханҳои хиёнаткори миллатро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки тӯдаи роҳгумкардаи иғвогар, алалхусус Муҳаммадиқболи Садриддин ва думравонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд.

 

Ф.РАҲМОНОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *