Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон – заминаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ” конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҷалилзода А. А. оғоз гардид. Мавсуф зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Истиқлол ганҷи бебаҳо, рамзи асолату ҳувияти миллӣ ва шарти бақои таърихии давлат буда, барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол ба мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Баъди сухани ифтитоҳии директори Донишкада мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Толибзода Мухтор Толиб дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами дарк ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ” маърузаи пурмуҳтаво намуд.
Дар идомаи конференсия маърузаҳои устодон: Расулҷон Солиҷонов, доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи ҷомеашиносӣ дар мавзӯи “Истиқлол заминаи эҳё, рушд ва такомули давлат ва ҷомеа”, Тухтабой Тухтаев, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи молия ва қарз дар мавзӯи “Дастовардҳои сиёсати молиявии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол” ва Фарида Манонова, ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи “Такомули арзишҳои конститутсионӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ” шунида, мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар конференсияи мазкур донишҷӯи соли аввали ихтисоси иқтисодиёти рақамӣ Рухшона Мирдоева дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳост” маърузаи пурмуҳтаво намуд.
Дар поёни конференсия, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор устодони Донишкада барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдим карда шуд.