ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАР ВА ТАҲДИДҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР

Пӯшида нест,ки имрӯз терроризм ва экстремизм яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф шудааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои боэътимоди байналмилалӣ айни ҳол дар ҷаҳон тақрибан 500 ташкилоти террористӣ амал мекунанд, ки дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Бе ягон шубҳа бояд қайд кард, ки бархе манфиатҳои сиёсии кишварҳои абарқудрат аксаран зери шиори ҳифзу эҳёи дин тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъ дар кишварҳои гуногун гаштаанд. Дар иртибот ба ин, мисол меорем, ки вобаста аз вазъи Афғонистон яке аз ташкилоти терористӣ бо ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё “Давлати исломӣ”, “Ал –Ќоида” ва дигар равияњои ифротї дар ин кишвар маскан гирифта, ошкору пинҳонӣ фаъолият доранд. Маќсади асосии ин гуруњњои террористї, пеш аз њама расидан ба ѓаразҳои сиёсию иќтисодист. Бояд қайд кард, ки барои амалӣ намудани ин ғараз аз моҳи августи 2021 то имруз дар Афғонистон содир шудани таркишҳо ба қайд гирифта шуда, масъулияти анҷоми онро дар бисёри ҳолатҳо ДИИШ ба уҳда мегирад. Чунончи, танҳо дар ҳафтаи аввали сентябри соли равон, амиқтараш санаи 2 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Қобул аз ҷониби ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ”амали террористӣ содир шуд.

Хулоса, воқеияту руйдодҳо аз он таъкид менамояд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хаттари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Дар чунин шароите, ки дунё нотинҷ буда, бо васвасаи баъзе ҳокимиятхоҳону моҷароҷӯён баъзе давлатҳо сарҳисоби кори худро намеёбанд, он кишварҳое бурд мекунанд, ки зери парчами сулҳу ваҳдат ва иттиҳоду ҳамбастагӣ ба сӯи ояндаи нек бо фикри пешрафт зиндагӣ доранд. Бинобар ин, нагирифтани пеши роҳи ин хатар ва таҳдидҳои замони муосир метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди гуруњњои террористиву экстремистї, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.Аз ин рӯ,дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар фарди ватанпарвару миллатдӯст, алалхусус, ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст,ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад. Сулҳ, озодӣ, ваҳдат, якдилӣ, ободие, ки имрӯз Тоҷикистони маҳбуб дорад, чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, арзишҳои беҳтаринеро, ки сабабгори ҳаёти хурраму осуда ва саодатмандона аст, ҳамвора идома бахшанд.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *