Хиёнат ба Ватан-хиёнат ба миллат, хиёнат ба ормонҳои олии давлатдории тоҷикон!

Дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд. Мову шумо аз фарози қарни XXI бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурда навишта шудаанд. Аз ин лиҳоз, истиқлолияти мо дар умқи таърихи куҳанбунёдамон решаҳои амиқи иҷтимоиву фарҳангиро дорост. Қаҳрамониҳои Спитамен, Абӯмуслим, ватанхоҳиву муборизаҳои Темурмалику Шерак, исёни адолатхоҳонаю озодихоҳонаи Восеъ ва даҳҳо дигар мисоли равшани муборизаи аҷдодони мо баҳри истиқлолият  мебошад. Аз ин рӯ, тавре баъзе муҳаққиқон ишора менамоянд, истиқлолияти тоҷикон, фақат натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нест. Ҳаракати озодихоҳии ниёгони мо тӯли ҳазорсолаҳо идома ёфта,  дар ибтидои асри ХХ шаклу мазмуни нав пайдо намуд. Муборизаи шадиди мафкуравии фарзандони бузурги миллати мо, ба мисли Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим  Ҳоҷибоев, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Алоуддин Баҳоваддинов, Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммад Осимӣ, Сотим Улуғзода ва гурӯҳи калони олимону зиёиёни сарсупурда ва дурандеш набояд аз ёдҳо зудуда гарданд. Онҳо, барҳақ, барои бедорӣ ва худогоҳии миллӣ ба тариқи таҳқиқу таблиғи таърихи бисёрҳазорсолаи ниёгон ва мероси оламгиру  ҷовидона мубориза бурда халқи моро ба шоҳроҳи манфиатҳои аслии миллӣ  ҳидоят намуданд. Зиёда аз ин, метавон гуфт, маҳз ҳамин кӯшишу ғайрати бошуҷоати онҳо, заминаи боэътимоди ташаккули ғояйи миллӣ гаштанд.

 Вобаста ба ин, мехостем баъзе андешаҳои хешро доир ба таносуби дунявият ва диният дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон баён намоем. Дар назари аввал чунин менамояд, ки дар ҷомеаи имрӯзаамон, ки ғояйи ваҳдати миллӣ ва ризоият барқарор аст, барои муборизаи мафкуравӣ ҷой нест. Вале тавре дар боло ишора рафт аксарияти мардуми мо эътиқодманди дини мубини исломанд ва ашхосе аз ин ҳолат истифода бурда мехоҳанд  мардумро гумроҳ намоянд.

Яке аз ин ҳизбҳои зиддидавлати ТТЭ ҲНИ мебошад.Амали хиёнат дар арзишҳои ахлоқии инсоният бадтарин амал аст,зеро хиёнат ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад. Ватан нишон медиҳад ки дар асл иҷрокунандаи дастури роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва сарпарастони хориҷи бо ҳамроҳии  Абдуҳалим Назарзода ин ҳодисаҳоро собит сохт.

 Барои он, ки онҳо хешро аз падидаҳои номатлуб эмин дошта бошанд, ба мазмуну мӯҳтавои дунявияту диният сарфаҳм раванд.  Бояд иқрор шуд, ки дар майдони муколамаи сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон масъалаи таносуби дунявияту диният яке аз масъалаҳои нозук аст. Ин ҳолат аз он бармеояд, ки мазмуну мундариҷаи дунявияту диният то ҳол баррасии амиқи назарявии худро наёфтааст  ва ба суоли мусулмони ҳақиқи  кист то ҳол ҷавоб нест. Иллоҳиётшиносон таъкид менамоянд, ки ҳар он ашхосе, ки фарзҳои исломро иҷро менамояд мусалмон аст, вале тавре дар боло зикр гашт исломиёни сиёси мехоҳанд, ки  тамоми паҳлӯҳои зиндагии одамон бояд тобеи талаботи шариати исломӣ  бошад. Намояндагони давлати дунявӣ зиддӣ чунин масъалагузорианд ва ин амали онҳо аз ҷониби исломиён  тундгароии дунявӣ номида мешавад.  Роҳбарони ТТЭ ҲНИ

ҷоҳталобонаю мақомхоҳона аз дини мубини ислом сӯистифода карда, аз худ чеҳраҳои сиёсию мушкиосонкун вонамуд мекарданд. Вале дигар аҳли ҷомеа найрангҳои ТТЭ ҲНИ –ро медонанд. Наҳзатиҳо аз миллату мазҳаб ҳарф мезананд, вале аввалин хиёнатро ба миллату мазҳаб мекунанд. Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллат он аст ,ки ба хотири манфиатҳои молияви иродаи кишварҳои бегонаро зидди милату ватани худ амали мекунад. Назҳатиҳо динро ҳам ба як омили хатарноки ҷомеа табдил додаанд.

Муколамаи дунявияту диният дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон  ифодагари сиёсати зиддидинии давлат  нест, зеро давлати имрӯзаи Тоҷикистон барои ба ҷо овардани фарзҳои динӣ барои шаҳрвандонаш ҳамаи шароитҳоро фароҳам оварда истодааст. Зиёда аз ин дин ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи муосири тоҷикон  эътироф гашта, рисолати он дар тарбияи ахлоқии аҳли ҷомеа, хоса ҷавонон, ба таври бояду шояд баҳогузори мешавад. Аммо ба ҳар ҳол агар ҳаёти маънавии ҷомеаи Тоҷикистонро як узви том тасаввур намоем, дунявияту диният  ҷузъҳом алоҳидаи он мебошад. Пас, аз ин ҷо чунин бармеояд, ки муколама байни ҷузҳом ҷомеа меравад, ки ин дар доираи фалсафаи анъанавӣ ба мантиқ рост намеояд. Вале дар майдони фалсафаи иҷтимоии муосир, ки дар он ҷомеа ҳамчун низоми кушода баррасӣ мегардад,  муколамаи динияту  дунявият сурат мегирад, ҳолати муқаррарӣ мебошад. Вале боз таъкид менамоем, ки ин муколама бояд дар доираи далелҳои воқеи, одобу ахлоқи таҳаммулпазир сурат гирад

Дар ҷаҳонбинии дунявӣ  тарзи зисти одамон гуногун мазмун буда он аз ҷумла диният ва ғайридин буданро низ дар бар мегирад. Ин яке аз принсипҳои муҳими ҷомеаи демократӣ оиди озодии виҷдон аст. Таҷрибаи давлатҳои исломии ҷаҳон собит месозад, ки яке аз талаботи муҳими дар эътидол нигоҳ доштани ҷомеа  ин мавҷуд будани фарҳанги таҳаммулпазири нисбати онҳое, ки тарзи зисти онҳо қисман ба талаботи дин мувофиқат мекунад, аммо на ҳамаи талоботи шариат иҷро мегардад. Масалан, барои онҳо шахсе, ки аз нигоҳи худшиносӣ мусулмон ҳасту, вале намоз намехонад ва ё зане, ки дасту рӯи хешро бо чадра намепӯшонад мусулмон нестанд. Тавассути рӯзномаҳои хеш, ба воситаи магнитофонҳо дар  нақлиёт ва дар масҷидҳо зидди онҳое, ки намуди зоҳириашон ба талаботи дини ислом мувофиқ нест муборизаи шадиди мафкуравӣ мебаранд. Чунин рафтори хешро онҳо мубориза баҳри диният ҳисобида, зидди арзишҳои демократии Эъломия умумии ҳуқуқи башар баромад мекунанд.

Юлдошева Меҳринисо,
Омӯзгори кафедраи
молшиносӣ ва фаъолияти гумрук

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *