ТТЭ ҲНИ ва хатари он ба ҷомеаи Тоҷикистон

Имрўзҳо ифротгароии динӣ дар тамоми кишварҳои олам, махсусан кишварҳои исломӣ доман паҳн намуда, афроди зиёде аз таъсир ва пайомадҳои нохуши он қурбонии ин зуҳурот мегарданд, ки ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад. Омилҳои зиёде, аз қабили ҷаҳонишавӣ, фақру нодорӣ, ҷаҳлу бесаводӣ ва паст будани маърифати динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум, миллатгароӣ ва авҷ гирифтани таассуби динӣ ва хурофот, вусъат ёфтани доманаи фарогири шабакаҳои интернетӣ, рақобати абарқудратон баҳри ба даст овардани манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра муҳаррики асосии авҷ гирифтани ин зуҳурот мебошад. Роҳбарони ТТЭ ҲНИ бо роҳи мағзшӯӣ ва истифода аз силоҳ хостанд дубора кишварро бо хуну хок даромезанд. Саркардагони ин ҳизб, ки дар дарозои замони мавҷудияти хеш кореро ба ҷуз аз хиёнат ба миллат анҷоминадода буданд ва ҳамеша аъмоли онҳо зидди озодӣ ва истиқлоли миллӣ буд, бори дигар хиёнат намуданд. Воқеан, дар нафари беҳувият ва дастнишондаи хориҷиён ҳеҷ вақт озодӣ ва хештаншиносии миллӣ мавҷуд нест, барояш ҳеҷ арзише илло арзиши иҷроиши дастури сармоягузоронаш вуҷуд надорад.

Ҳамин аст, ки ин нафарон ҳатто дарк накарда буданд, ки он замон мардуми кишвар дар мароҳили омодагӣ ба ҷашни муҳими миллӣ 24-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дошт. Ба ин нигоҳ накарда наҳзатиҳо дар арафаи ҳамин ҷашни муқаддас даст ба куштору хунрезӣ ва табадуллоти давлатӣ заданд. Саркардагони ин ташкилоти террористӣ гумон мекарданд, ки аз ҷониби мардум дастгирӣ меёбанд ва аъмоли касифонаи солҳои 90-ум содирнамудаи худро такрор мекунанд. Хушбахтона мардуми шарифи Тоҷикистон бар зидди ин нияти бади наҳзатиҳо бархостанд, зеро ҷиноятҳои зиддиинсонӣ ва зиддимиллии ин ташкилоти террористиро, ки сабаби ҷанги шаҳрвандӣ гардида боиси марги 150 ҳазор сокинони кишвар шуд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накардаанд.

Саркардагони ҷиноятпешаи ин ташкилоти террористӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, ҳокимияти феълиро ба нақзи созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ иттиҳом мезананд. Ҳол он ки аксари қонуншиканиҳо ва ноором сохтанои вазъи ҷомеа аз ҷониби аъзо ва раёсати ТТЭ ҲНИ коргардонӣ шудааст.

Хушбахтона, аз солҳои 2000-ум мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ба сар мебаранд. Ҳамаи мушкилотро мо танҳо дар сулҳу осоиштагӣ бароварда карда метавонем. Аз ин рӯ, ҳар фарди миллатро зарур аст масъулиятшиносона ва содиқона вазифаи хешро анҷом диҳад. Сулҳу суботи кишварро чун гаҳвараки чашм ҳимоя намояд ва бар зидди душманони миллат- роҳбарони ТТЭ ҲНИ муттаҳид бошанд

Мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамешагӣ кӯшиши онро дошта бошем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обро чун гавҳараки чашм этиёт намоем ва бидуни амалҳои ношоистаи вожаҳои мавриди назар барои саодати зиндагии оилаи худ ҳиссагузор бошем ва ба василаи ин кору хайру савоб саҳми худро дар пешрафту шукуфоии диёри арҷманди худ, ки номаш Тоҷикистон аст гузорем.

Ахмедова Адиба,
омӯзгори кафедраи
молшиносӣ ва муоинаи молҳои ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *