М. САДРИДДИН -ХОИНИ БЕШАРАФ!

Пӯшида нест, ки дар ҷомеаи имрӯза ҳизбу равияҳои ифротӣ ёфт мешаванд, ки пешравиҳои кишварамонро чашми дидан надошта,бо нақшаҳои бадхоҳонаи худ мехоҳанд ба сари мардуми тоҷик боз воқеаҳои солҳои 90 – умро такрор намоянд. Чунончӣ раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ мебошад, ки шурӯъ аз оғоз фаъолияти пасипардагиашон, барои бадбахту беобрӯ намудани давлату миллати тоҷик амалҳои номатлуб содир намудаанд. Баъд аз мамнуъ намудани фаъолияти ин ташкилот ва эълон гардидани ташкилоти эктремистию террористӣ ҲНИ  аз ҷониби кормандони қудратии мамалакат нақшаҳои ин ташкилоти террористӣ, ки барои барпо намудани нооромиҳо дар кишвар таҳрезӣ шуда буд, дарёфт карда шуд.  Роҳбару  ва пайравонаш, ки ному насаби онҳро ҳамагон медонанд, имрӯз аксарияташон дар Аврупо иқомат дошта, бо ҳар гуна роҳу восита мекӯшанд, бо дасисабозиҳо мафкураи мардуми мо, бахусус ҷавононро заҳролуд намоянду вазъи ороми кишварамонро ноором гардонанд. Мо яке аз пайравони ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддинро мисол меорем. Зимни баромадҳои навбатиашниз чун қаблӣ назарҳояш ҳамеша баҳсбарангез буда, бешубҳа аз ҷониби рӯшанфикрон ва ҳам диндорон танқид мавриди интиқод қарор мегирад. Зери назарҳояш шарҳҳои зиёдеро метавон дид, ки Муҳаммадиқболи Садриддин афроди гирифтори бемории равонӣ унвон мекунанд.  Бо такрор ба такрор ба М.Садриддини бешараф гуфтанием, ки ба доми хоҷагонашон афтода, яке аз  хоинони маҳзабфуруши бешараф шудааст.

        Мақсад аз зикр намудани гуфтаҳои боло  аз он иборат аст, Дар куҷое набошем, чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи кишвар ҳадафҳои ниҳоии бадхоҳони миллат, аз қабили М.  Садриддин ва умуман раҳбарияту ҳаммаслакони  ТЭТ ҲНИ-ро ҷиддӣ ва сахт маҳкумаш намоему барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати худ ва аз ин ҳам ободу зебо шудани ҳар як гӯшаи Ватани ҷоноҷонамон содиқонаву софдилона сидқан хизмату меҳнат намоем.

Д. Шарипов,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *