ХАТАРИ МУОСИРИ ГЕОПОЛИТИКӢ : СОЗМОНУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ БА ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ РӮ ОВАРДААНД!

                                                                  

Ҳарчанд нақш ва аҳамияти Интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро ба он водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки Интернет бошем. Бо дарназардошти унсур, авомил ва хатарҳои маъмулӣ ба Истиқлолияти давлатӣ истифодаи ғайримақсаднок ва нодурусти Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳамчун хатари муосири геополитикӣ шинохта шудааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз ҷузъи таркибии рушдёфтаи Интернет ба ҳисоб меравад. Маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдиду хатарҳои муосири геополитикӣ нуҳуфта ва ё аёнанд. Роҳу усулҳои таблиғ ва ташвиқӣ идеяҳои иртиҷоӣ ва ифротгароёна гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд.

Суол ба миён меояд, чи боис шуд, ки созмону гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ба шабакаҳои Интернет рӯ овардаанд? Ба ин суол бе ягон душворӣ бояд посух дод, ки қаблан созмону гуруҳҳои террористиву экстремистиро лозим меомад, ки ҷиҳати таблиғ ва афзоиш додани ҳаммаслаконашон афроди омӯзиш дидаву касбӣ (эмиссар)-и бештареро ҷалбу киро кунанд, то маводи таъсиррасонро монанди фитта (диску касета)-ҳои аудио-видеоӣ, маҷаллаву варақаҳо ва китобу брошурраҳоро ба кишвару давлатҳои мавриди ҳадафашон қароргирифта интиқол диҳанду онҳоро бо ҳар роҳу усулҳо миёни мардум интишор намоянд, ки сарфи вақти зиёд ва маблағи ҳангуфтро тақозо менамуд. Ин усул, ки тайи чандин даҳсолаҳо аз ҷониби ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳу равияҳои террористиву ифротгаро мавриди истифода қарор дошт.  Бояд қайд кард,ки  аз ҷониби мақомоти дахлдори давлат ва кишварҳое, ки дар ин самт омӯзишу баррасии роҳу усулҳои мазкур, таҷриба ҳосил карда буданд, тамоми роҳу усулҳои мазкурро бастанду маҳдуд намуданд. Аз ин лиҳоз, созмону ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба Интернет рӯ оварданд.Чунки шабакаҳои Интернет барои ҳама дастрас буда, ҳар нафари хоҳишдошта дар ҳар ҷо ва дар ҳама ҳолатҳо метавонад аз он истифода намояд, омӯзад, омӯзонад, нависад, тиҷорат намояд, ба таблиғоту ташвиқот машғул гардад ва ба таври онлайниву ғайрионлайнӣ, видеоиву аудиоӣ ва навишторию аксӣ анҷом диҳад. Ба истилоҳ Интернет дунёест, ки иртиботи ногусастанӣ бо ҷаҳони мо дорад. Умуман, олами Интернетро метавон дар навбати худ ба се қисмати асосӣ ҷудо намуд: сомонаву блокҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо. Аз қисматҳои номбаршуда, барои ба ҳадафашон расидан террористону экстремистон бештар “Одноклассники”, “Faceebook”, “B контакте”, “Twitter”, “WhatsApp”, “Viber”, “Telegram”, “Faceebook Messenger”, “Skype”, “ICQ”, “Google Hangouts “ва ғайраро  истифода менамоянд. Ҳар шабакаи иҷтимоӣ бошад, дар навбати худ хусусиятҳои ба худ хоси хизматрасонӣ ва истифодабариро дорад. Масалан, истифодабарандаи “Одноклассники” доираи “дӯст” гирифтанаш маҳдуд буда, метавонад танҳо 4000 “дӯст”-и интернетӣ дошта бошад, аммо теъдоди гирифтани дӯст (обуна) дар Faceebook бемаҳдуд аст. Агар дар “Faceebook” ҷой додану нашри файлу адабиёти электронӣ , аз ҷумла дар шакли PDF ва Word имкон дошта бошад, ин кор дар “Одноклассники” ғайриимкон аст. Агар фаъолияти қатъшудаи саҳифаи “Faceebook” дар Интернет барқарор карда шавад, дар “Одноклассники” имкони барқарори он вуҷуд надорад. Ҷой додани видеоролик, клип ва ҳатто филмҳои калонҳаҷм танҳо дар “YouTube” имкон дошта, шабакаи мазкур бо ҳамин мақсад роҳандозӣ гаштааст. Террористону экстремистон тавассути шабакаҳои Интернет бо роҳи муроҷиатҳои мустақим, барои анҷоми корҳои иделогӣ, тиҷоратӣ электронӣ, ба воситаи иттиҳодияҳои хайриявӣ ва ғайра маблағ ба даст меоранд. Баробари ин, дар сомонаи худ ба воситаи адабиёти электронии таълимӣ, аудио-видео, роликҳо ва клипҳо, паёмҳои маълумотӣ ва тавсиявӣ террористону экстремистонро омода менамоянд, ки Интернет ҳамчун базаи омодасозии террористону экстремистон дар даҳсолаи охир ба назар мерасад. Таъсиси шабакаҳо – бисёр гурӯҳҳои террористӣ бо кумаки Интернет имконият пайдо кардаанд бо якдигар ва бо дигар ташкилотҳои террористӣ алоқа барқарор намоянд. Технологияи муосири иртиботӣ махсусан компютерӣ, аз рӯи чанд сабаб воситаи таъсиси шабакаҳо ва дастгирии шабакаҳои террористӣ мебошад.

Дар робита ба ин, бояд ёдовар шуд, ки соли 2015 роҳбарияти хизматрасонии “Twitter” фаъолияти 125 ҳазор истифодабарандаи шабака (аккаунт)-ро, ки марбут ба ташкилоти террористӣ бо номи Давлати исломии Ироқу Шом-ро дар ҳудуди шабака маҳдуд намуда буд. Инчунин, Созмони Аҳдномаи дастаҷамъӣ  беш аз 200 сомонаҳои террористию экстремистиро дар давлатҳои ИДМ қатъ гардонид.

Баробари ин, бояд қайд кард, ки гузоштан ва паҳн намудани маълумот, махсусан аксу наворҳои шахсӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз хатарҳои дигар маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи чунин амалкард дахолат ба ҳаёти шахсӣ сурат мегирад, сирри оилавӣ, хизматӣ ва давлатӣ фош карда мешавад. Маълумоте, ки дар назари аввал соддаву оддӣ менамояд бо гузашти вақти муайян ва тағйир ёфтани вазъ метавонад мушкилсоз гардад. Хатарҳои дигари шабакаҳои иҷтимоӣ ин ташвиқ ва таблиғи фарҳанг ва расму оини бегона мебошад. Дар ин замина тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводу наворҳои зиёд пахш карда мешавад, ки метавонад ба тарзи муошират, муносибат, зоҳири инсон ва арзишҳои он таъсир гузорад. Ва ё инсонҳоро вобаста ба ин амалкардашон таҳқир намояд. Ҳамаи ин ба ахлоқи инсоният таъсир мегузорад ва боиси сар задани ихтилоф дар худшиносӣ, муносибатҳои хешутаборӣ, урфу одатҳои таърихан асосёфта мегардад.

          Шабакаҳои иҷтимоӣ, ки пешниҳодоти зиёди саргармкунанда доранд истифодабарандагон, махсусан ҷавононро ба худ алоқаманд мекунанд. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ одат мешавад. Бе муҳобот ҳамон гунае, ки шахси майзада ба май ва муътод ба маводи мухаддир одат мекунад.

           Маводу маълумотҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта мешаванд, маҳз аз тариқи иштирокчиёни он паҳн карда мешаванд. Шабакаҳои иҷтимоӣ маъмулан ба иштирокчии худ имкон медиҳанд, ки дар зери маводи чопшуда фикри худро нависад, тугмачаи «ба ман писанд аст»-ро пахш намояд ва ё ин маводро аз номи худ ба дустонаш дар доираи гуруҳ ва ё дигар шабакаҳои иҷтимоӣ фиристонад.

       Таҷриба нишон медиҳад, ки аз байн бурдани сайтҳои террористӣ мушкил аст, чунки онҳо провайдерҳои хориҷиро истифода мебаранд. Дар натиҷа як давлат наметавонад ба бастани сайти ғайриқонунӣ дар давлати дигар муваффақ шавад. Тафовут дар қонунгузории миллӣ низ монеаи ҷиддӣ дар ин роҳ аст. Чунин сурат гирифтани кор шаҳодат медиҳад, ки имрӯз проблемаи терроризм дар интернет ба як мавзӯи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

     Дар заминаи гуфтаҳои боло метавон ба чунин хулоса расид, ки бешак Интернет як воситаи пуриқтидорест, ки ҳам фоида ва ҳам зарар меорад, ки мо  дар атрофи таъсири манфии он андешаи хешро иброз намудем. Умуман,  Интернет барои инсоният дар соҳаи маориф, иқтисод ва коммуникатсия имкониятҳои бепоёнро боз намуд, аммо дар баробари ин таҳдидҳои навро дар шакли вобастагӣ, ҷиноятҳои киберӣ, иттилооти бардурӯғ ва гаравиши ноогоҳон ба созмонҳои эстремистию террористии ҷинояткор эҷод кард. Дар хотир бояд дошт, ки истифодаи бомуваффақияти Интернет аз он вобаста аст, ки мо ба имкониятҳо ва хатарҳои он то чӣ андоза босалоҳият ва огоҳона муносибат мекунем.

Дар фароварди андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, ба мардуми кишвар, хусусан ба ҷавонони кишвар муроҷиат менамоем, ки ҷавонон бояд донанд, ки кадом созмону ҳаракате, ки набошад дар кадом гӯшаву каноре, ки набошад агар аз калимаи ислом дар номгузориву барномааш истифода кунад, ин як дурӯғи маҳз аст ва бозии сиёсӣ мебошад. Зеро дини мубини ислом ба ягон ҳизбу ҳаракат ва барномаи мукаммал ниёз надорад. Аҷдодони мо бофарҳанг, зирак, доно ва дурандеш буданд, мо низ бояд ба онҳо пайравӣ намоем. Насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ,  хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва инсонмеҳрварӣ тарбия намудан лозим аст. Таърих гувоҳ аст, ки соддагиву сабукандешӣ ва гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ғайр аз пушаймонӣ чизи дигаре ба миён намеорад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *