ГУМРОҲШУДАГОНИ ИФРОТӢ!

                                                               

     Мусаллам аст, ки дунёи маҷозии интернет беинтиҳо буда, марзу сарҳадоти муайян надорад. Имруз ташкилотҳои террористию экстремистӣ истифода аз имконияту афзалиятҳои технологияҳои иттилоотии замони муосир, аз ҷумла шабакаи интернетро воситаи асосии пешбурди фаъолияти худ қарор дода, онро барои амалӣ намудани мақсадҳои муғризонаи худ ба таври васеъ истифода менамоянд. Шабакаи интернет, ки як майдони васеъ ва беканор аст, дар аспи ҷаҳолати бодпо саворанду ба ҳар тарафе, ки хоҳанд меронанд, аммо бехабар аз он, ки онҳо радкардашудагони миллатанд. Чунончи, ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла раҳбарияту ҳамммаслакон ва думравони паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли..” ва “Гурӯҳи 24” дар шабакаҳои интернетӣ сайту барномаҳои ифротии худро доранд, ки тавассути он дар байни шаҳрвандони кишвар ва муҳоҷирони меҳнатӣ ғояҳои тундгароӣ ва ифротгароиро тарғибу ташвиқ намуда, дар ҷомеаи Тоҷикистон ивғоангезӣ ва барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабиро пешаи худ намудаанд.. Аз табори чунин гумроҳшудагони ифротӣ, афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз пайраврни фаъоли наҳзат,шогирдаш Восиев Абдухалил, лақабаш “Алмаз”, думраваш Ҳусейн Ашўров, узви ҳаркати мамнуъ дар кишвар –“Гуруҳи 24” ба

                

ҳисоб мераванд, ки агар рўзе бар муқобили Тоҷикистон ва ё нафаре аз кишвар туҳмату буҳтон наяфкананд ором намегиранд. Ин тудаи ҳангомаҷўй барои ба даст овардани нуфузу эътибор назди хоҷагонашон ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет парса мезананду гӯё «ҳақиқат»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанд. Яъне, ду-се фирориву хоине, ки дар дунёи маҷозии интернет миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Хулоса, мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин хоинони миллат бовар намекунанд ва муқобили ин гуна афрод мубориза мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад ва онҳо заррае ҳам ба Тоҷикистони биҳиштосо таъсир расонанд.
Ҳадафи ин мақолаи мазкур аз ҷониби як омўзгор дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати уҳдадории хешро пеша карда, пеш аз ҳама имрўз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳои иғвопеша нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Имрўз бо баробари дучори хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор доштани ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсивӣ ба назар мерасад. Бинобар ин, ҳамаи моро ба дарёфти тадбиру роҳҳои муқовимат бо онҳо водор месозад. Аз ин рў, вазифаи муқаддаси волидайн, омӯзгорон ҳар фарди худшиносу ватандўст аз он иборат аст, ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гиранд, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоянд.

Д.ШАРИПОВ ,
УСТОДИ ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *