ГУМОҲРШУДАГОНИ ТАФРИҚААНГЕЗИ ИФРОТӢ

                            

Мушоҳидаву таҳлилҳои амиқ собит менамоянд, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон даҳҳо гуруҳҳои ифротиву террористӣ амал мекунанд, ки ҳар кадом гуё худро ҳомии дини мубини Ислом муаррифӣ намуда, бо ҳар роҳу восита ақидаи нопокашонро дар байни аҳли ҷомеа паҳн менамоянд. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи он ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ амалӣ мешаванд.
Таърихи башар исбот кардааст, ки ҳама абарқудратҳо маҳз бо таъсису ташкил намудани ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломиву характери динӣ дошта, бо маблағгузориҳои ҳангуфт, дар ин ё он давлатҳои рушдкунанда ва маҳз ба давлатҳои бо ном Исломӣ, ҳадафҳои ниҳоиашонро роҳандозиву амалӣ менамоянд. Имруз яке аз роҳу восита барои фаъолияти гуруҳҳои ифротиву террористӣ дунёи маҷозии Интернет боқӣ мондааст, ки аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣдаст мезананд. Тӯдаи фейкҳояшонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода, гӯё «адолату ҳақиқатро»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанд. Масалан дар давоми соли ҷорӣ, аз ҷумла аз оғози моҳи майи соли равон яке аз пайравони наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин тавассути канали YouTube -и “Isloh. tv, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, шогирдаш Восиев Абдухалил дар барномаи “Дурахши ҳақ” ва думравонаш Беҳрузи Тағойзода дар “Садои мардум”, Ҳусейн Ашуров дар барномаи “Ҳақ ва ботил”, ки аъзои фаъоли ҳаракати сиёси мамнуъ дар кишвар Гуруҳи 24” мебошанд,

                                                     
                                                                 

бо навбат ҷилвасозӣ намуда, мисли пештара ба суханпардозиву дурӯғпаҳнкунӣ машғул шуда, пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Гумроҳшудагони тафриқаангези ифротӣ зимни ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷаро як ҳодисаи тасодуфиро гирифта, «аз пашша фил» месозанд, дар атрофи он ҳар гуна ҳиллаҳо бофта, мардумро бе асоси воқеӣ ба иғво меандозанд. Ин тудаи гумроҳгашта то ҳол хулосаи зарурӣ набароварда ,бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Вале, ин тудаи гумроҳшудагони тафриқаангези ифротӣ бехабаранд, ки имрӯз дар байни сокинони кишвари мо ба ин тамоюлҳо, баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро мардуми мо оид ба давлату давлатдорӣ назари худро доранд. Бо бовариии комил метавон метавон қайд кард, ки мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои М.Садриддин шогирду думравонаш комилан бовар намекунанд ва умуман, аз амалҳои нангини бадхоҳони миллат огоҳ шудаанд. Таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад.
Дар фароварди андешаи хеш, бояд қайд кард, ки дар оянда низ вобаста ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон мебарем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб мегузорем, ки вазифаи муқаддаси мост. Ба ҳар шаҳрванди кишвар таъкид бар он карда мешавад, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсииро аз даст надода, бар зидди ин гуруҳҳои нохалаф, ки мехоҳанд бо ҳилаву фириефта намудан, бо ҷалби ташкилотҳои байналмилалӣ ҷомеаи моро ноором кардани ҳастанд, муборизаи беамон бояд бурд. Воқеияти имрӯза тақозо менамояд, ки зиддӣ терроризиму ифротгароӣ тамоми давлатҳо дастҷамъона мубориза баранд. Хулоса, дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мо ҳама муттаҳид бошем.

А. ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *