ХАТАРИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ БА ТОҶИКИСТОН!

Ба хотир медорем,ки ташкили нахустини Ҳизби наҳзати  исломии Тоҷикистон ҳанўз соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар  таъсис ёфта дар марҳилаи  аввал  ба монанди созмони  махфии «Бародарони мусулмон» ба таври пинҳонӣ амал мекард.

         26 октябри соли 1991 анҷумани муассисони ҳисб ба таври расмӣ баргузор шуд аз солҳои 1991-1993 ҳисби мазкур ошкоро амал намуда,фаъолияти террористӣ мебурд.

         Пас аз шикасти ҷиддӣ хўрдан дар Душанбе Кофарниҳон ва Файзобод нерўҳои мухолифин дар аввали соли 1993 ба самти ноҳияҳои Гарм фирор намуданд.

         Онҳо дар он ҷо ғояҳои худро тарғиб намуда, бо роҳи зўроварӣ ба ном тартиботи исломиро ҷорӣ намуданд. 14 феврали 1993 яке аз мубаллиғони низоми исломӣ домулло Саъдиддин-Т.Рустамовро роҳбари созмони навтаъсиси Шўрои инқилобии исломии ноҳияи Ғарм таъин намуданд.Бо роҳбарон ва аъзоёни чунин ҳаракатҳо дар ҳудуди ноҳияҳои минтақаи Ғарм аҳолиро ба «ҷиҳод» – ҷанги муқаддас ба муқобили ҳокимияти қонунӣ даъват намуданд.

         Онҳо бо тариқи «Телевизиони Ҷумҳурии Исломии Қаротегин»,ки онро таъсис дода буданд,дар матбуот ва масҷидҳо баромамад намуда,аҳолиро  ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва барпо намудани  Ҷумҳурии Исломии Тоҷикистон даъват намуданд. Созмони ҷинояткорон  бо мақсади амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ садҳо ҷиноятҳои вазнин содир намуд.

         Тобистони соли 1993 нерўҳои ҳукуматӣ ҷангҳои шидад бурда,онҳоро сарнагун намуданд. Роҳбарони ҳизб ба Афғонистон фирор намуда,дар он ҷо моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ташкил намуданд,ки ба ҳайати он намояндагони Ҳизби наҳзати ислом ва Ҳизби демократии Тоҷикистон шомил буданд.

Солҳои 1992 – 1997 ҲНИ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва розоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст.Аслан ҳисб барои ислом бегона аст.Бунёд кардани Ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон,ки қариб сад дар сади сокинони он мусулмон ҳастанд,худ тафриқа андохтан миёни мардуми мусулмони кишварамон мебошад.

Мардуми мусулмон, аз ҷумла рўҳониёни машҳури тоҷик ҲНИ-ро намепазируфтанд ва онро  дастгоҳ ва манбаи идеологияи ваҳҳобия донистанд,фаъолиятиашро номашрўъ ҳисобиданд. Аммо  ҲНИ бар иродаи мардуми мусулмон ва рўҳониёни мазҳабӣ нигоҳ накарда,бо кўмаки хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд. То имрўз ин рақобати рўҳониёни исломи  асил бо ҲНИ боқӣ мондааст ва онро онҳо эътироф намекунанд.

Мавриди таъкид аст,ки мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ,ки мақсад ва амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурўҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ,маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд,манъ аст.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида дар таърихи 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олӣ аризаи Прокурори гененарии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуд ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилт ифротгароӣ (экстремистӣ), террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳисбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода нашри рўзномаи «Наҷот» ва  сомонаи интернетии Хизби наҳзати ислом ба ҳудуди қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсоли чопу нашри рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ карда шуд.

Турсунова М.Ё.,
ассистенти кафедраи баҳисобгирии
бухгалтерӣ,таҳлил ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *