Тоҷикистон бидуни ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ

Терроризм ва экстремизм аз рӯи оқибатҳои худ аз ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир мансуб ёфта, амнияти инсоният, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузоранд.

Зери мафҳуми “терроризм” содир намудани таркиш, сухтор, тирпарронӣ, расонидани зарар ба амвол, халалдор сохтани амнияти чамъиятӣ ва тарсонидани ахолӣ фаҳмида мешавад.

“Экстремизм” (ифротгароӣ) бошад ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқи ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститусионӣ, ғасби ҳокимият, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Таъсири манфии ин зуҳуротҳои номатлуб бахусус пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи марказӣ баръало зоҳир шуд. Аз шароити номусоид ва ноустувории давлатҳои тозаистиқлол, аз ҷумла, Тоҷикистон истифода бурда, ба кишвар нерӯҳои ифротгароӣ роҳ ёфта, ба таблиғу ташвиқ ва амалӣ намудани ақидаҳои ифротгароёнаи худ шурӯъ намуданд.

Дар сафи пеши ин гурӯҳҳои ифротгароӣ қабл аз ҳама иттиҳоди ҷиноии экстремистию террористии “Ансоруллоҳ”, “Харакати Исломии Туркистон”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, равияи “Салафия” ва ғайраҳо қарор доранд, ки бо ҳар васила ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ба мардуми мо бегона кӯшиш карда истодаанд.

Худ қазоват кунед, ғояи асосии ин иттиҳодияҳои ҷиноӣ ноором кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии давлат ва ҷомеъа, дигаргун намудани сохти конститусионии кишвар, маҳв кардани арзишҳои умумибашарӣ ва урфу одатҳои миллӣ буда, баҳри расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ онҳо дар зери ниқоби дини мубини Ислом ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили бо истифодаи зӯроварӣ дигаргун кардани сохти конститусионии  давлатҳо, ноором намудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, кушторҳо, ғоратгарӣ, таҷовуз ба номус ва ғайраҳо даст мезананд.

Барҳақ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20.01.2016 с.) дуруст қайд намуданд, ки “Имруз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Ҳеҷ вақт дини мубини Ислом мусулмононро ҳидоят ба содир кардани ҷиноят накардааст.

Ислом бо терроризм ягон алоқаманди надорад. Ҳатто Ислом одамонеро, ки мусулмон нестанд, вале бо мусулмонҳо дар муҳити сулҳу осоиш зиндаги мекунанд, дахлнопазирии ҳаёт ва молу мулкии онҳоро эътироф намудааст.

      Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифааст.

       Тоҷикистон барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқуворӣ дар муддати на чандон тӯлонӣ ба хеле дастовардҳо ноил гаштааст. Ҳамзамон сохта ба истифода додани ҳазорҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ, хизматрасонӣ, шоҳроҳҳои бузург ва садҳо пулҳои кучаку бузург аз дастовардҳои назарраси давраи истиқлолият маҳсуб меёбад.

        Имрӯз кули кишварҳои дунё дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор доранд.  Баҳри ҳимоя аз таъсири раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири камтари бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар баробари ҳифзи мероси фарҳангӣ, ҳамзамон тибқи ҳадафҳо ва ниёзҳои ҷомеа корбасти оқилонаи арзишҳои динию мазҳабӣ ба манфиат мебошанд.

       Аммо, аз тарафи дигар, мусоидат ба озодии эътиқод ва муносибати одилонаи ҷомеа нисбати ташкилотҳои динӣ ва ходимони онро гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав ба манфиатҳои худ истифода бурданиянд.

        Баъзе коршиносон ҷараёни ифротии диниро ба сатҳи бесаводиву ҷоҳилӣ ва камбағалӣ иртибот медонанд. Аммо ин чандон воқеӣ нест, чунки ашхосе низ дар байни ифротгароён ҳастанд, ки гарчанде маълумот доранд, дар сари мансабанд, соҳиби корхонаву манзилу мошинҳои зиёданд, вале ба ин роҳ мераванд.

Мисоли ин генерал Назарзода аст, ки мақоми муовини вазири мудофиаро дошт, ба ӯ эътимод карда буданд, вале ӯ Ватан, ҳаёти одамонро зери хатар гузошт.

Дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зимни вохӯрӣ ба афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 25 сентябри соли равон таъкид кард, ки “ҳоло ҳам баъзе афроди ҷомеаи мо ба қадру қиммати сулҳу ваҳдат намерасанд ва бо маблағи бегонагон ба гумроҳ намудани мардум ва ноором кардани вазъи орому осудаи кишварамон даст мезананд”.

Ёдрас мекунем, ки шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо, бо маслиҳати пешакӣ бо сардори Раёсати нозироти ҳарбии Вазорати мудофиа Умаров Ҷунайдулло ва дигар шахсони ҷиноятпеша аз ҳисоби собиқ хизматчиёни ҳарбии баталёни 25-уми Вазорати мудофиа мақсади ҳамлаи мусаллаҳона зидди намояндагони сохторҳои қударатӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат ва Рӯдакӣ карданд. Онҳо худи ҳамон рӯз бо суистифода аз ваколатҳои хизматӣ ба бинои маъмурии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ду қисми ҳарбӣ ворид гардида, теъдоди зиёди силоҳи оташфишони гуногунтамға, аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро тасарруф намудаанд.

Тавре ки аз изҳороти Прокуратураи генералӣ бармеояд, Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи раиси ҳизби наҳзати исломӣ Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд. Тасмими охирин дар бораи ҳуҷуми мусаллаҳона давраи моҳи августи соли 2015 сурат гирифта, бо ин мақсад тавассути фондҳои бо ном хайриявии доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ маблағҳои калони пулӣ ворид шудааст.

Ҳуҷуми мусаллаҳона шаби 4-уми сентябр ба Шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри  Ваҳдат, ба кормандони милитсия дар чорраҳаи кӯчаҳои Айнӣ ва Дониши шаҳри Душанбе ва дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ боиси ба ҳалокат расидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гашт.

Прокуратураи генералӣ 4 сентябри  соли ҷорӣ нисбат ба саркардагон ва ҳаммаслакони ҷиноятпеша дар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ), 181 (ғасби гаравгон), 179 (терроризм), 329 (таҳдид нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ) ва 391 (суъистеъмоли ҳокимият, ё мақомоти хизматӣ, ё ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот идома  дорад.

Зимни муқовимати мусаллаҳона 25 нафар террорист нобуд, 125 нафар узви гуруҳи террористӣ ва ҳаммаслакони онҳо дастгир шуданд. Дар ин амалиёт 14 нафар хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳалок гардиданд.

Дар рафти амалиёти зиддитеррористӣ зиёда аз 600 адад силоҳи оташфишони гуногунтамға ва миқдори  зиёди тирҳои гуногун мусодира карда шудаанд.

Нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун мегӯяд, ки “хатари  асосие, ки имрӯз ба миллати мо таҳдид мекунад, ин саводи казоӣ надоштани ҷавонон, танг будани назари онҳо, ҳатто ҷаҳонбинии мардуми калонсоли мост. Назарзода ҳам як нафар ҷоҳил, ноогоҳ аз кори  ҷаҳон будааст, ки ба чунин амали нангин даст зад”.

Намояндагони илму фарҳанг ва маориф, умуман аҳли зиё, ходимони дини ҳар маҳалли диёрамонро эҳсоси масъулият ва қарзи инсониву имонӣ мебояд, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати дунявию динии мардум, хусусан ҷавонон, арҷгузорӣ ба асолати фарҳанги ниёгон, эҳтирому посдории арзишҳои истиқлолият, сулҳу ваҳдат саҳми бевосита гиранд.

Отаҷонова Фарангис Ғайбуллоҷоновна
ассистенти кафедраи “Ҷомеашиносӣ”
ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *