ХАТАРАНЗЕГИИ РОҲГУМЗАДАГОН ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ

Мусаллам аст, ки марҳилаҳои муосири ҷаҳонашавӣ боиси ташаккули нақш ва мақоми воситаҳои ахбори омма, алалхусус шабакаҳои интернет ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеаи имрӯза табдил ёфтааст. Алҳол эътибор ва талабот ба шабакаҳои интернет хеле зиёд аст. Раванди ҷаҳонишавӣ аз як ҷониб барои пешрафти илму техника ва технологияи муосир хизмат кунад, аз тарафи дигар тавассути он омилҳои дигари таъсирррасон пайдо шудаанд, ки ба рафтору муносибат ва маърифати сиёсии ҷавонон ҳам таъсири мусбат ва ҳам манфии худро мерасонад. Дар робита ба ин, бояд қайд кард ки дар давоми панҷсолаи охир интернет, алалхусус дар Facebook, YouTube, WhatsApp, Instagram, TikTok, Telegram, Одноклассники дар баробари таъсири мусбат доштан, ҳамчунин ҷиҳатҳои манфӣ низ доранд. Чунончи гуруҳу созмону ташкилотҳои террористӣ, экстримистӣ ва гуруҳҳои равияои ифротӣ пайдо шудаанд, ки аз шабакаҳои зикршуда барои паҳн намудани иттилооти бардурӯғ ё иғвоангез фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Бояд қайд кард, ки фаъолияти тарғиботӣ-ташвиқотии ташкилотҳои террористӣ, экстримистӣ, асосан ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ бо истифода аз шабакаи интернетӣ, баҳри сафарбаркунии ҷомеа ба ҳолати зиддиятнокии сиёсӣ ё динӣ ба назар мерасанд.Масалан пайравони паймони худсохтаи наҳзат дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ,бахусус тавассути сомонаи “Исолҳ.нет (Ислоҳ ТV)” дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, ки ровиаш яке аз афроди роҳгумзадаи бешараф М.Садриддин мебошад, бо ҷалби шогирдону думравонаш, аз ҷумла Ашӯров Ҳусейн дар барномаи “Ҳақ ва ботил” ҳадафмандона баромадҳои ифротӣ менамоянд. Роҳгумзадагони ифротӣ, умуман ҳаммаслаку думравони паймони худсохтаи наҳзат-Паймони милли… бо талошҳои бесамари худ имруз умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Ин тудаи ифротӣ танҳо ба хотири манфиатҳои гурӯҳии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд ва ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.

Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки имрӯз хатаранзегӣ дар фазои иттилоотӣ яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз техналогияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Бинобар ин, љавонони ватандӯсти мо бояд ҳушёру зирак бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Д. ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *