ИЗҲОРОТИ омузгорони кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромади навбатии нотавонбинони иғвогар дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” (аз 15 сентябри соли 2024)

Мо омӯзгорони кафердаи ҷомешиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки солҳои охир иддае аз афроди хиёнатпешаву нотавонбинони миллат, ба мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз пайрави фаъоли ТТЭ ҲНИ мебошад, то ҳол ба худ хулосае набароварда , боз бо роҳнамоии роҳбарияту хоҷагони хориҷиашон дар ҳар гӯшаву канори дунё, тариқи шабакаи “Ислоҳ”, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” барои амалӣ намудани мақсадҳои муғризона аз ҳар гуна разилиҳо рӯ намегардонад. М.Садриддин зимни баромадаш бо ҷалби шогирдону думравонаш такрор ба такрор нисбат ба фаъолияти роҳбарияти олии кишвар, ҳукумати қонунии Тоҷикистон бӯҳтон мезананд, хашм мегиранд, таҳдидҳо месозанду худро “ғамхор”-и миллат меҳисобад. Аммо дар зимн андешаи дигар дорад. Бояд қайд кард. ки имрӯз дар симои Муҳаммадиқболи Садриддин ва як зумра шогирду думрави сиёҳкорон бо лақаби хандаовар, аз ҷумла “Ҷагаи Ҷайҳунӣ”,”Чарли Чаплин” ва ғайраҳо, тибқи ҳамон сенарияи кӯҳнаи наҳзатиҳо амал намуда, бо ин васила кӯшиш доранд ҳаёти осоиштаи кишвари соҳибистиқлоламонро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Масалан санаи 15 сентябри соли ҷорӣ зимни баромади навбатиаш М.Садриддин бо ҷалби яке аз думрави фаъол Тағоев Муҳаммад дар барномаи ифротии зикршуда чун солҳои қаблӣ пешрафту шукуфоии кишвари моро нодида гирифта, беасос нисбати роҳбаритяи оли ва иқдомҳои созандаи Ҳукумати Тоҷикистонро, ки ба нигоҳ доштани асолати арзишҳои динӣ равона шудааст, манфиатҷӯёна нодуруст шарҳу тавзеҳ доданд. Баробари ин, нисбати Президенти Федератсияи Россия суханҳои ноҷоя гуфта, шаҳрвандони дар муҳоҷирати меҳнати қарордоштаро ба таҳлука афтонд. Яъне гӯё ки давлатҳои ғарб ба Русия бо истифодаи аслиҳаи ҳастаӣ (ядроӣ) хуҷум менамоянд. Ин суханҳои беасоси иғвоангезии навбатии М.Садриддин ва думраваш аст. Ҳол он, ки ин тудаи бадхоҳи миллат оид ба масоили сиёсӣ, ҳарбӣ хеле дуранд ва умуман сарфаҳм намераванд, аз ҳарчи ба даҳонашон ояд сафсатагӯӣ менамоянд. Хулоса, имрӯз мардуми боору номуси кишвар аз гузашти вақт симои разилонаи М.Садриддин ва думраваш М.Тағоевро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд.

Мо омўзгорони кафедраи ҷомеашиносӣ зимни фарҷоми изҳороти хеш вобаста ба масъалаи матраҳгардида, умуман оид ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиби хешро мегузорем ва тамоми кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *