ХАТАРАНГЕЗӢ ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ифротгароӣ ва терроризм ба омили идеологияи душмансозӣ мубаддал гардидааст, ки ҳадафи асосӣ ба минтақаи ҷангу нооромӣ табдил додани ҷомеаи ҷаҳонӣ равона шудааст.
Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ асосан тибқи идеологияи тундгароии исломӣ амал карда, давоми панҷсолаи охир фаъолияти тарғиботӣ-ташвиқотии худро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифода аз омили дини Ислом, паҳн намудани мафкураи исломи радикалӣ, ба сафи худ ҷалб намудани ҷонибдорон ба амалҳои зиёди ифротгароӣ, баҳри сафарбаркунии ҷомеа ба ҳолати зиддиятнокии сиёсӣ ё динӣ кӯшиш менамоянд. Пӯшида нест, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, ки хоинони миллат ин ҳолатро низ яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардаанд. Инчунин мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки натанҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Чунончӣ дар соли 2021 дар қаламрави Ҷумҳурияи Хакасия, ки субъекти Федератсияи Русия мебошад, як нафар шаҳрванди кишварамон бо гумони ташвиқ ба амалҳои террористӣ боздошт шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, боздоштшуда дар байни муҳоҷирони дигар ба таблиғи фаъолияти ташкилоти байналмилалии террористӣ “Катиба – Тавҳид Вал-Ҷиҳод (мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) машғул будааст. Зимни тафтишот маълум шудааст, ки ӯ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳеро барои дастгирии созмони террористӣ таъсис дода ва тавонистааст, ки панҷ ҳазор ҳамвантанро ба он пайваст кунад. Дар асоси маъулумоти мақомоти дахлдор боздоштшуда ба гуноҳаш иқрор шудааст ва ҳангоми кофтукови хонаи ӯ, матнҳои таблиғотии фаъолиятҳои террористӣ, алоқаи электронӣ ва васоити электронӣ ёфт шудаанд.Оқибат ӯ мутобиқи Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия барои даъватҳои оммавӣ ба фаъолиятҳои террористӣ, сафедкунии оммавии терроризм ва таблиғи терроризм айбдор карда шудааст.
Бо назардошти ин масоили матраҳгардида метавон қайд кард, ки имрӯз хатаранзегӣ дар фазои иттилоотӣ яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз техналогияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Бинобар ин ҷавонони далеру ѓаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро хуб фаҳманд.. Аз ҳама муҳим зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд!

Д.ҶОННАЗАРОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *