АМНИЯТИ ИТТИЛООТИИ КИШВАР ҶУЗЪИ ТАРКИБИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА ТАҚВИЯТИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИСТ!

Дар ҷаҳони имрӯза нақши иттилоот хеле намоён аст. Ин ба он маъност,ки иттилоотро бархе афроди бадхоҳ барои худ манфиатовар истифода мебаранд. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи-24 ва дигар равияҳои манфиатхоҳ барои амали намудани амалҳои ғаразнокашон аз иттилоот ва расонаҳои иттиоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ самаранок истифода мебаранд. Бояд ёдовар шуд, ки бадхоҳони миллат қаблан дар ҷомеа тариқи ошкоро барои амалӣ намудани хадафи нопокашон дини мубини исломро истифода бурда, бо таври худ дониставу надониста ташвикоту таблиғот мебуранд .Ба ҳамагон аён аст,ки бадхоҳони миллат кишвари азизамонро ба сарсонӣ , яъне ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонида буданд. Имрӯзҳо бошад дар кишварҳои Аврупо пуштибонӣ ёфта, асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротии “Паймони миллӣ” ва “Садои мардум” ва ғайраҳо бо пеша намудани ҷанги иттилоотӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Бо ин васила ба “мағзшӯи”-и ҷавонон машғул буда, баъзе аз ҷавонони моро гумроҳ месозанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, мутаассифона, баъзе аз ҷавонони мо, ки дар хориҷ ҳастанд ба суханҳои бадхоҳони миллат бовар намуда истодаанд. Ҳол он, ки мо садҳо нафронро медонем, ки ба пайравони ТТЭ ҲНИ бовар намуда, оқибат ба роҳи ҷиноят рафтанашон пушаймон гаштаанд. Вале, пушаймони надорад оқибат суд мегӯянд. Масалан ҷавоне бо номи Беҳрӯзи Абдуллоҷон дар давоми солҳои охир барномаҳои дорои мазмуни ифротгароиро, ки аз ҷониби саркардагони ТТЭ ҲНИ таҳияву дар интернет пахш мешавад, мунтазам тамошо намуда, тавассути саҳифаи шахсиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро ҳадафмандона паҳн намудааст. Амали ин ҷавони гумроҳшуда ошкору гунаҳкор ҳисобида, дар асоси қарори Суди шаҳри Ваҳдат тибқи моддаи дахлдори Кодекси ҷиноятӣ барои ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Аз ин рӯ, ба хулоса омада, қайд кардан зарур аст, ки насли имрӯз дар ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонишуда зиндагӣ мекунанд, ки ҳар лаҳза метавонад хатари ҷиддиро ба бор биёрад. Бинобар ин ҳар таҳдидҳое, ки аз ҷониби бадхоҳони миллат ва умуман гурӯҳҳои манфиатдори хориҷӣ ба роҳ монда мешавад, дарҳол мебояд онро аз фазои иттиоотӣ дур кард. Зеро таъмини амнияти иттилоотии кишвар дар шароити ниҳоят тезу тунди ҷомеаи байналмилалӣ ҷузъи таркибии амнияти миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдорист.
Хулоса дар фарҷоми андешаи хеш бояд қайд кард, ки дар шароити муосир ҳифзи амнияти иттилоотӣ яке аз таркибҳои асоситарини манфиатҳои миллӣ ба шумор рафта, андешидани чораҳо бар зидди таҳдидҳо ба амнияти иттилоотии кишвар манфиатҳои шахс, миллат,ҷомеа ва давлат низ ҳифз хоҳанд шуд.

Т.САЛИМОВ,
сармутахассис оид ба
сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *