ХАЛҚИ ШАРАФМАНДИ ТОҶИК НАНГУ НОМУСИ ВАТАНДОРӢ ВА ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ ДОРАД!

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хоинони миллат – ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ тибқи нақша ва роҳнамоии хоҷагонаш, имрӯзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо намуда, нисбат ба халқи азизи мо таҳдиду иғвогарӣ мекунанд, сиёсатӣ пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, нодида гирифта, мавриди интиқом қарор медиҳад. Роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ ва ҳаммаслакашон, бахусус Муҳаммадиқболи Садриддин, Ашӯров Ҳусейн ва думравонаш Беҳзоди Тағойзода, ки имрӯзҳо тариқи барномаҳои ифротӣ баромад намуда истодаанд, аз ҷиҳати сиёсиву фарҳангӣ рафтору гуфторашон дар ягон қолиб рост намеояд. Умуман рафтору гуфтори аъзоёни ТТЭ ҲНИ даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепояаш дар бораи масъулият, одобу аҳлоқ, дину диёнат ва дигар насиҳатомези иғовоанезонааш бори дигар ба мардум нишон дод, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро дар назди хоҷагони сармоядеҳу барномасозаш бадном кунад. Ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки аз ҷониби Мухиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Саддридин ва дигар пайравонаш дар сомонаҳои интернетӣ пахш мешаванд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд.

Ҳадафи душманонаи ҳаммаслакону пайравони ТТЭ ҲНИ ба ҳамагон аён аст, ки он асосан байни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки хоинони миллат имрӯзҳо зимни баромадҳои ифротиашон нисбати вазъи Афғонистон ба таври худ маънидод намуда, баробари ин оид ба қазияи Бадахшон низ баромад намудаанд ва бо талошҳои бесамари худ умедвор буданд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш кашанд. Вале мардуми сарбаланди боору номуси Бадахшон – Боми ҷаҳон ҳушёриву зиракии сиёсии хешро аз даст надода, вазъиятро зери назорат қарор доданд. Хуллас дар натиҷаи тадбирҳои таъсирбахш, санаи 28 ноябри соли равон гирдиҳамоии ғайриқонунии гурӯҳҳои манфиатор қатъ карда шуда, тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд.

Ин ҳама навиштани андешаро аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комили кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза мегирем. Воқеан халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

А.ВАЛИЕВ,

ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *