ҚОНУНУ ҚОНУНИЯТ ДАСТБОЛО ГАРДИД!

Ҳодисаи нохуш ва ғайриинтизорӣ, ки дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ба амал омад, ягон шахси сулҳдӯсту меҳанпарасти тоҷикро дар канор гузошта наметавонад. Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар арсаи байналмилал бо пойдор намудани сулҳи деринтизор намунаи беҳтарин ба ҳисоб меравад. Он рӯзҳои пурдаҳшату нангвори ҷанги бародаркуш, ки солҳои 90-ум оташ гирифта буд, бе шакку шубҳа ба халқи ориётабор, сулҳдӯст ва меҳмоннавози тоҷик рӯзҳои вазнинтарин ба ҳисоб меравад. Он сулҳе, ки бо ҷонбозиҳову матонат ва иродаи қавии мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуд, барои дигар давлатҳо ва миллатҳои дар вартаи ҷанги шаҳравандӣ буда, дарси ибрат аст.
Сад афсӯс, ки бадхоҳони миллат ба ҳодисаи дар ноҳияи Роштқалъа ва гирдиҳамоии ғайриқонунӣ дар шаҳри Хоруғ сарзада рангубори сиёсӣ дода, мехоҳанд сулҳу оромиро халалдор намоянд. Он чӣ ҳодисае, ки сар зад танҳо бемасъулиятиву хусумати шахсӣ мебошаду халос.
Хислати бади инсонӣ ҳамин аст, ки ба ғайр аз худ, дигар нафарро ҳама вақт ба ноомадҳои гунаҳкор месозем. Имрӯз дида истодаем, ки пирони рӯзгордида ва олимону мардуми равшанфикри Бадахшон мардумро ба оромӣ давъат карда истодаанд. Ин воқеаи нангин наметавонад хонаи мардумро вайрон кунад. Бигузор ҳар як нафар дуои нек кунад, ки кинаву адоватро мардуми бадхоҳро аз дилаш дур созад, якпорчагии Тоҷикистонро таъмин намояд, ҳамдилиро фаромӯш насозад. Беҳтарин инсон шахсест, ки гуноҳи касеро бахшида тавонад, зеро ба хислатҳои Парвардигори бузург низ пеш аз ҳама меҳрубониву бахшояндагиро нисбат медиҳанд. Боварӣ дорем, ки шахси дар ин ҳодисаи нангин гунаҳкор муайян карда мешавад ва албатта муҷозоти амалҳои зишти худро мегирад. Имрӯз аҳолии ВМКБ аз фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ розияд ва ҳаматарафа онҳоро дастгирӣ намуда истодаанд, мардум ба суханҳои ин ҷинояткорон дигар гӯш намедиҳанд. Бадахшон марзу бум ва хоки аҷдодии мост ва мардуми сарбаланду бономуси ин минтақаи зебоманзар ҳаргиз зидди манфиатҳои миллию давлатӣ набаромадаанд ва нохоҳанд баромад.
Мувофиқи хабарҳои расонаҳо эътирозгарон дар шаҳри Хоруғ пас аз музокирот бо мақомот ба эътирози чоррӯзаи худ поён доданд ва майдони назди ҳукумати вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тарк карданд, ки ҳам аз тарафи мақомоти расмӣ ва ҳам намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ин хабарро тасдиқ карданд. Як узви ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар ин музокирот иштирок дошт, гуфт, пас аз музокираи 10 соата мақомот талаби ҷомеаи шаҳрвандиро қабул кард. Ба гуфтаи ӯ, мақомот ваъда доданд, афроде, ки дар майдон эътироз карданд, таъқиб намешаванд ва кормандони мақомоти интизомие, ки дар марги Гулбиддин Зиёбеков даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Хулоса, қонуну қонуният дар охир дастболо гардид!

ҚАЮМОВ А.А.,
мудири шӯъбаи ташкили
ҷараёни таълими ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *