ХИЁНАТГАРИИ М.САДРИДДИН АЁН АСТ!

Ҳамагон тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастанд, ки ҳаммаслакони ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ хоини ватанфурӯш Муҳаммадиқболи Садриддин бо ёрии хоҷагони зиддитоҷикияш дар кишварҳои Аврупо паноҳандагӣ ва лонаи истироҳат ёфта, барои бадном кардани сиёсати одилонаи Ҳукумат барои расидан ба мақсадҳои ғаразолуди худ аз ҳама гуна роҳҳо талоши беҳуда дорад.Хиёнатгарии навбатии М.Садриддин ба ҳамагон аён аст. Ин навбат вобаста ба ҳодисае, ки санаҳои 25-28 ноябри соли равон дар маркази маъмурии ВМКБ, шаҳри Хоруғ рух дод, дар барномаҳои ифротиаш баромадҳо намуда, мехоҳад фикру ақидаи дигаронро вайрон созад. Бояд қайд кард, ки ин ҳодисаи Хоруғ соф криминалӣ буда, манфиатҳои тӯдаи муташаккили ҷинояткорро ифода менамояд. Ноором гардонидани вазъ дар Бадахшон барои душманони миллат, ки ҷонибдорони ғояҳои ҳаракати “Толибон” мебошанд, мувофиқ аст. Гарчанде “Толибон” ба сари қудрат омадаанд, вале аз ғояҳои террористиву экстремистии худ даст накашидаанд. Ва мехоҳанд имрӯз ба ҳар васила он ғояҳоро дар Тоҷикистон паҳн намоянд.
Бори дигар Муҳаммадиқболи Садридин ва умуман ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ ёдрас мекунем, ки имрӯз хеҷ кас ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад!
Вобаста ба қазияи Хорӯғ гуфтанием,ки имрӯз сокинони Бадахшон умуман аз ҳама гурӯҳҳои ҷинояткор, тоҷирони нашъаманд ва ғайраҳо безор ҳастанд. Мардуми бонангу номуси Бадахшон огоҳ ҳастанд, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ таи солҳои охир ба чандин амалҳои ҷиноятӣ даст задаанд. Дар натиҷаи тадбирҳои таъсирбахш, санаи 28 ноябри соли равон гирдиҳамоии ғайриқонунии гурӯҳҳои манфиатор қатъ карда шуд. Хушбахтона тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд.
Хулоса дар интиҳои андешаи хеш, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем,ки имрӯзу ҳамавақт амалҳои иғвоангезонаву дасисабозиҳои ҳамммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ – хиёнаткору бадхоҳони миллатро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯяд!

ШАРИПОВ А.Қ.,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *