ХАЛҚИ ҲАМҶАВОР ЭҲТИРОМИ ҲАМСОЯГИЯВУ ФАРҲАНГИ ҲАМСОЯДОРИРО РИОЯ НАМЕКУНАНД

Санаи 12 апрели соли 2022 дар марзи Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон тирпаронӣ сурат гирифта, дар натиҷа чанд нафар захмӣ шуданд. Шумораи захмиён ва натиҷаи хисорот феълан маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки ҷониби қирғиз ба тарафи марзбонони тоҷик ва халқи осоишта тир мекушояд. Чунин амали ноҷавонмардона, ки дар лаҳзаҳои гуфтушуниди роҳбарони ду вилояти ҳар ду ҷониб ба вуқуъ пайваст, бори дигар далел аз баҳонаҷӯии ҳамсояамон шаҳодат медиҳад. Дар ҳоле, ки мардуми тоҷик ҳамеша барои сулҳ қадам мегузорад, фазои гуфтушунид ва мусолиҳаро халалдор сохтани ҷониби қирғиз аз рӯи одоб нест. Ин навбат низ айнан чунин амал аз ҷониби қирғиз рух дод.

Як нуктаи муҳими дигар дар он аст, ки барои халқи қирғиз ҳамакнун ба ҳукми анъана ва одат медарояд, ки тайи чанд соли охир ба ҷониби ҳамсоя маҳз дар моҳи Рамазон, ки барои мардуми мусулмон моҳи мубораку шариф аст, тир кушояд. Ин ҳолатро мо соли гузашта низ шоҳид будем. Замоне, ки халқи осоиштаи тоҷик дар ин моҳ пайваста барои сулҳу тинҷӣ ва амонӣ дасти дуо мебардоранд, халқи ҳамҷавор эҳтироми ҳамсоягияву фарҳанги ҳамсоядориро риоя намекунанд.

…Аммо мардуми бофарҳангу бомаданияти қирғиз бояд оини ҳамсоядориро нигоҳ доранд. ҳаққи ҳамсоягиро риоя намоянд.

Ф.МАМАДҶОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *