ҲИМОЯИ САРҲАД ҚАРЗИ ШАҲВАРДИИ МО

Чӣ хеле, ки аз сархати васоити ахбори омма огаҳ гаштем, санаи 12-уми апрели соли 2022 Қирғизистон вазъият дар манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дубора муташанниҷ шудааст. Ҷониби Қирғизистон, ки худ сабабгори сар задани муноқишаҳо шудааст ва дар расонаҳои қирғизӣ даста-даста хабарҳои фейкӣ пахш намуда, ҷониби Тоҷикистонро гунаҳгор меҳисобад, ки бо ин рафтору амалашон бори дигар рафтори носипосонаи худро собит месозанд.

Сабаби сар задани низоъ худсарона вориди марзи Тоҷикистон шудани сарҳадбонони қирғиз аст. Ҷониби Тоҷикистон дар ҳама ҳолат шаҳрвандонашро ҳимоя намуда, намегузорад ягон ваҷаб хоки муқаддаси сарзаминамон осеб бинад ва худсарона ба хоки кишвари ҳамяоя низ ворид намешавад. Аммо сарҳадбонони қирғиз, ба ҷойи пешгирии низоъ ба ҷониби шаҳрвандон ва сарҳадбонони Тоҷикистон оташ кушодаанд, ки ин аз оини ҳамсоядорӣ нест.

Мо ба ҳеҷ ваҷҳ тарафдори сар задани ҷанг байни ду кишвар нестем. Вале мегӯем, ки сарҳадбонони тоҷик вазифаи ҷонии худро иҷро намуда, сарзамини худро ҳимоя намуданд.

Ин амали ҷониби Қирғизистон дар ҳоле сурат гирифт, ки субҳи 12 апрел мулоқоти навбатии мақомоти вилоятҳои Суғду Ботканд баргузор шуда, дар мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа буданд.

Ф.МАМАДҶОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *