ХАБАРҲОИ БАРДУРУҒУ ИВҒОАНГЕЗОНАИ   НАҲЗАТИЁНРО МАҲҚУМ МЕНАМОЕМ!

 

Чӣ хеле, ки мо огоҳ ҳастем шабакаҳо бо номи “Ислоҳ” ё “Паём” ҳастанд, ки танҳо ба хотири дарҷ намудани мақсадҳои  нопок ва хабарҳои бардурӯғу ивғоангезонаи созмони “Паймони миллӣ” амал мекунад ва воқеан  ин ҳама ғояи саркардаи наҳзатиён – М.Кабирӣ асту халос! Танҳо ба хотири ҳисобот додани онҳо ба хоҷагонашон аст.

Муҳиддин  Кабирӣ, ки худро соҳибдори Паймони миллӣ  ва собиқ ҳизби мамнӯъи наҳзати исломи Тоҷикистон метарошаду ҷонибдорони ангуштшуморашро намояндагӣ дорад. Худро чун “мусичаи бегуноҳ” вонамуд карда, боз бо бозиҳои сиёсии навбатиаш  чеҳраи нави“маъруф” – и сиёсӣ  тазоҳуротро ташкилу барпо намояд.  Ба хориҷа гурехтани Кабирӣ ва аз дасти хориҷиҳо дастгири ёфтани он ҳам ба ҳамин омилҳо ишорат мекунад, ки Кабирӣ дастнишондаи дасти террористони байналмилалист. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки мазҳабро низ онҳо ба як бозори хариду фурӯш табдил дода, чандин нафарро аз мазҳаби Абӯҳанифа берун сохтанд, ки аксарияташон собиқ аъзои ҲНИ буданд.

Имрӯз бадхоҳони миллат, зархаридону хоинон ободии кишварро намехоҳанд аз хориҷи кишвар вазъияти ҳақиқии Тоҷикистонро дарк накарда, дар расонаҳои хабарӣ туҳмату буҳтон бофта истодаанд.

Воқеан ҳамаи мо аз кӣ будан ва чӣ мақсад доштани ин беватанҳо- наҳзатиёни фирориро  хуб медонем ва маълумот дорем, гуфтанием, агар марди майдон мебудед, аз пинҳонӣ истода даъвои бемантиқ ба сар намекардед! Бо баробари ин ба наҳзатиҳо таъкид менамоем, ки шумо беимонтарин инсонҳоед, ки мардуми тоҷик дигарбора фирефтаи найрангҳои шумо нахоҳанд шуд. Амалҳои хоинонаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро мардуми тоҷик пайваста ва доимо маҳкум мекунад.

Шукронаи самараи неки Истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистон ва тоҷикистониёнро дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар мешиносанд.

Хулоса, наҳзатиён! Хуб бидонед, ки бадхоҳ ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ нарасидааст ва тири нопоки шумо ҳам нишони худро намеёбад!

                                                       Дилафрӯз Ҳомидова

                                         муҳаррири шӯъбаи табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *