БАР ЗИДДИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД!

 

         Бояд ёдовар шуд, ки аз оғози фаъолияташ ТТЭ ҲНИ бо дархости хоҷагони хориҷии худ ҷавононро ба худ ҷалб намуда, сафи худро дар Тоҷикистон зиёд намуд. Соли 1991  ҲНИ расман ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар саҳни сиёсат пайдо гардид. Аммо касе намедонист, ки онҳо нияти нопок доранд. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо бо нақшаҳои ғаразнокашон боз рӯи майдон омаданд. Моҳи сентябри соли 2015 амалҳои нобахшидании худро анҷом дода, боиси марги чанд тан бегуноҳон гардиданд. Гарчанде ин амали хиёнаткоронаи ҲНИ  соли шаш сипарӣ шуда бошад ҳам, вале, мутаассифона, то ҳол тибқи дастури наҳзатиҳои фирорӣ баъзе шаҳрвандони гумроҳшуда даст ба ҷиноят мезананд. Масалан дар соли 2020 ҳамагӣ 1091 ҷинояти хусусияти террористӣ- экстремистидошта ошкор ва 271 нафар аъзо ва тарафдорони равияҳо дастгир карда шуданд. Аз ин шумора 148 нафар-«Бародарони мусулмон», 38 нафар- «Давлати Исломӣ», 8афар.-«Гурӯҳи 24», 17 нафар- «Ҳизби наҳзати ислом», 8нафар-«Ансоруллоҳ» ва 3 нафар «Ал-Қоида» дастгир шудаанд. Ин ҳолат онро тақозо мекунад, ки баҳри пешгирӣ ва ҷиҳати мубориза бурдан бо радикализм, экстремизм ва терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.

Хулоса мо бояд имрӯз аз дирӯза дида ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди душманони миллат муборизаи беамон бояд бурд!

                                                                         Манонова Р., дотсенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *