Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Хирад моро ба дониш раҳнамун аст…» миёни донишҷӯёни болаёқату соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ду нафар донишҷӯёни ДИС ДДТТ мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Аз фанни фалсафа донишҷӯи ДИС ДДТТ Раҳимова Нигина Азимиҷоновна мақоми аввалро сазовор гардид. Ҳамчунин аз фанни технологияи информатсионӣ Бердиев Фахриддин низ сазовори ҷойи аввал гашт, ки мо ба ин дастоварди назаррас онҳоро самимона табрику таҳният менамоем.
Боиси ифтихор аст, ки ДИС ДДТТ барои иштироки фаъолона дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз 47 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ намояндаи 42 муассиса бо теъдоди 470 нафар иштирок намуда, аз рӯйи 15 фанни таълимӣ байни ҳам сабқат намуданд.