ГУРУҲАКИ ИҒВОГАРИ БАДХОҲ

                                             

Таҳлилҳо нишон менамоянд, ки солҳои охир як қатор гуруҳаки иғвогари бадхоҳ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротиашон баромад намуданашон ба мушоҳида мерасад. Дар робита ба ин, бояд қайд кард, раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли…”, дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ мебошад, имрӯз бо пуштибонии хоҷагонаш дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, чун солҳои 90-уми асри гузашта бо ҳар роҳу восита кӯшиш карда истодаанд, ки кишвари моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.Чунончи, яке аз думрави фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки бо ҷалби шогирдонаш, аз ҷумла Восиев Абдухалил ва Ҳасанов Раҳматулло тавассути канали YouTube -и “Isloh. tv (“Ислоҳ.тв”) дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромад менамояд. А.Восиев бошад, ба устодаш -М.Садриддин тақлид намуда, тавассути шабакаи иҷтимоӣ, дар барномаи “Дурахши ҳақ” баромади ифротӣ менамояд. Ин гуруҳаки иғвогари бадхоҳ, аз зумраи бадхоҳони миллатанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтода, ба ғайр аз тӯҳмату ғайбат дигар коре надоранд. Умуман, раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони ТТЭ ҲНИ аз ибтидои фаъолияташон ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанд ва имрӯз низ пеш аз ҳама барои иҷрои супориши хоҷагонашон вазъияти кишварро тағйир диҳанду ба пулу сарватҳои муфт соҳиб гарданд. Ҳақикати таърих дар руи об аст, ки аъзоёну думравони ТТЭ ҲНИ, зери роҳбарии Кабирӣ, кистанд ва чӣ ният доранд.

                                                                     
Хулоса, натиҷаҳои нохалафи иғвогари бадхоҳи “Паймони милли…” бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани ифротгароӣ, умуман нисбати ин қабил гуруҳаки иғвогари бадхоҳ муборизаи беамон мебарем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *