
Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсия ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд қаблан зимни изҳоротҳои хеш оид ба баромадҳои ифротии Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли” андешаҳоямонро иброз дошта будем. Бояд қайд кард, ки М.Садриддин то ҳол ба худ хулосаи зарурӣ набаровардааст ва дур аз кишвар аз дастовардҳои беназири мамлакати соҳибистиқлоламон ва умуман воқеияти ҳол сарфаҳм нарафта, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ба иғвою дасиса ва дигар аъмоли нангин машғул аст. Масалан, санаи 02 апрели соли равон М.Садриддин, дар канали YouTube -и “Isloh. tv”, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” чун баромадҳои қаблиаш худро боз “уламои дин” шуморида, вобаста ба интиҳо расидани моҳи Рамазон андеша ронда, оид ба масоили гайбату туҳмат ҳарзагуӣ карда, бо ҷалби шогирдонаш, аз ҷумла Восиев Абдухалил, Ҳасанов Раҳматулло ва думраваш Тағоев Муҳаммад нисбат ба фаъолияти роҳбарияти олии кишвар суханҳои беъманию беасос ва бадқилиқӣ зоҳир намуданд.

Ин зумра сиёҳкорон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд, тиқи супориши раҳбарияти наҳзат ва дастури хоҷагони хориҷиашон аз рӯи ҳамон сенарияи кӯҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Ҳар фарди солимақл бе ягон душворӣ пай мебарад, ки роҳгумзадагони ифротӣ: М.Садриддин, Восиев А., Ҳасанов Р. ва Тағоев М. зимни ҳар баромадашон дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро нодида мегиранду ба ҳар амалҳои давлатдорон беасос туҳмату ғайбат мекунанд. Бо шунидани суханҳои М.Садриддин ва шогирдону думравонаш ба назари кас афроде намудор мешаванд, ки дили торику пур аз кина доранд ва имрўз хоинони миллатанд. Воқеан, ин гуруҳаки роҳгумзадаи ифротӣ, умуман раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли”, дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ мебошад, тафаккурашон олудаи кинаву мазаммат аст, имрўз бештарашон фирорӣ шуда дар кишварҳои Аврупо аз минбар истода, бар хилофи “адолат” гап мезананд. Ягона роҳ барои фаъолияти ин бадхоҳони миллат, умуман, роҳбарияту пайравони наҳзатиҳо дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки онҳо аз ин имконият истифода бурда, фақат кору амалашон туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса, фитраткушу харобиовар аст. Яъне, ду-се фирориву хоине, ки дар дунёи маҷозии интернет миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Бинобар ин, ҳар як ҷавони солимфикр доири ин масоил хулосабарорӣ намояд ва бояд дурандешу ботадбир бошад. Дар тарозуи ақли солим суду зиёни ҳар амали содиршударо холисона баркашад.
Дар фароварди изҳороти хеш, хулосабарорӣ намуда қайд менамоем- мо кормандон, устодон-насли калонсол ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои бадхоҳони миллат эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки шиори мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад.
