
Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо дарназардошти мушоҳидаву таҳлилҳои соли равон оид ба баромадҳои иғвоангезонаи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат мебошад, сараввал онро маҳкум карда, андешаҳои худро ибороз менамоем. Имрузҳо ин афроди бешараф бо ҷалби шогирдону думравонаш, асосан тавасссути канали YouTube -и “Isloh. tv дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” тибқи идеологияи тундгароии динӣ амал карда, фаъолияти тарғиботӣ-ташвиқотии худро бо истифода аз он ҷиҳати сафарбаркунии ҷомеа ба ҳолати зиддиятнокии сиёсӣ ва бадномкунии сохтори иҷтимоию сиёсии ҷомеаи имрӯзаи мо равона карда шудааст. Бояд қайд кард, ки М. Садриддин ҳар моҳ, ҳар ҳафта ду маротиба дар барномаи зикршуда баромад намуда, асосан вобаста ба масоили ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишвар ақидаи носолимашро баён карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ менамояд. Дар робита ба ин, мисол меорем, ки М.Садриддин санаи 6 апрели соли равон дар барномаи дар боло зикршуда оид ба мавзуъи: “То он рузе содиқона дар фикри наҷоти оилаат набошӣ, муҳоҷиру хору залил хоҳи монд!” бо ҷалби шогирдаш Абдухалил Восиев ва думраваш Муҳаммад Тағоев баромади ифротӣ намуд.Ин тудаи бадхохон зимни баромадашон бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо бофта, мехоҳанд халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳаллҳо ҷудо кунанд. Дар ҷараёни барнома дар бораи олиладорию наҷоти он, мардӣ сухан карда, мардумро ба мубориза даъват намуд. Ҳол он, ки мардуми кишвар оиладорию мардиро дуруст дарк карда пешаи хеш кардаанд. Баробари ин,бояд қайд кард, ки думраваш М.Тағоев, ки вобаста ба масъалаи ҷаримабанди ҳангоми напардохтани маблағи сарфаи барқ, баҳсхои марз байни Тоҷикистону Қирғизистон ёдовар шуда, андешаи носолимашро баён сохт. Инчунин нисбат ба роҳбарияти олии кишвар ва раиси вилояти Суғд сухани кабеҳ гуфта, туҳмату ғайбат намуд. Тудаи гумроҳшудагони ифротӣ имрӯз на танҳо аз ҷавҳари ҷавонмардиву оини мусалмонӣ дуранд, балки шарти инсонӣ ҳам, ки диду амали нек аст, бегонаи онҳост.



Мо кормандони шуъба дар фароварди изҳороти навбатии хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки мардуми диёрамон рўзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андўҳҳои зиёдеро аз сар гузаронидаанд. Имрўз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд ва умуман, муйро аз хамир ва бадию хубиро аз ҳам ҷудо карда метавонанд. Хулоса, гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии М.Садриддину шогирдон ва думравонаш аён аст! Мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин бадхоҳони миллат бовар намекунанд ва муқобили ин гуна афроди роҳгумзадаи ифротӣ мубориза мебаранд, ки нақшаҳои муғризонаашон амалӣ нагардад. Воқеан, таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Ҳамеша дар талоши он бошем, ки бо тамоми ҳастӣ марзу бум ва муваффақиятҳои ба даст омадаи хешро ҳифз кунем ва насли бонангу ор, худшиносу ватандўстро тарбия намоем.