ГУМРОҲЗАДАИ ИФРОТӢ

Имрӯз бархе ҳизбу гурӯҳҳои  гумроҳзадаи ифротӣ, алалхусус раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ  ва думраваш “Гурӯҳи 24” бо пуштибонии хоҷагони хориҷиаш дар кишварҳои Аврупо маскан гирифта, тавассути шабакаҳои  иҷтимоӣ дар барномаҳои ифротиашон пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ва байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд.

Бояд зикр кард, ки аслу ҳaдaфи гумроҳзадогони ифротӣ aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, aмaлиётҳои ифротгароиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпўш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт менамоянд. Бояд қайд кард, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ ва думраваш Беҳрузи Тағойзода, аъзои фаъоли, “Гурӯҳи 24”ҳамон хоиноне ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд. Онҳо ба монанди ҷуғзе ҳастанд, ки аз пайи вайронакориҳо ҳастанд ва мақсади онҳо танҳо ғорат ва нест кардани давлату миллат аст.  Воқеан ҳама гуна даъвоҳои  фирориёни ин ҳизбу гурўҳи мазкур дар хориҷа пучу бедалел буда, мақсади асосӣ ин ба Афғонистони дуюм табдил кардани Тоҷикистони осуда аст. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар чизе надоранд.

Хулоса  баромадҳо ва ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки аз ҷониби раҳбарииту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва “Гурӯҳи 24” дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешавал, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Умуман авзои имрўзаи љомеаи љаҳонӣ моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин ҳизбу гурӯҳҳоро гирем.  Баробари ин, бояд ёдовар шуд, ки мардуми кишварамон солҳои 90-уми асри гузашта рўзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андўҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрўз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд. Дида тавонистан, қадр кардани ободиву осудагӣ, сулҳу салоҳ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар замири худ парваридани пиндори неку рафтори неку гуфтори нек моро ҳидоятгар ба фатҳи қуллаҳои илму маърифат хоҳад бурд!

 

                                       Р. АНВАРӢ,

ассистенти кафедраи

молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *