ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромадҳои ифротиву ихтилофангези бадхоҳони миллат тавассути канали YouTube (аз 07.05.2025)

Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  тавассути расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем, ки вақтҳои охир бадхоҳони миллат тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротиашон бо навбат баромад намуда истодаанд, сараввал суханҳои  сафсатаашонро  махкум намуда, зимни изҳороти навбати хеш  вобаста ин масъала, ибрози андеша менамоем.  Дар робита ба ин,бояд қайд кард,ки санаи 07 майи соли равон, яке аз пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, боз бо ҷалби шогирдаш Восиев Абдухалил, думраваш Муҳаммад Тағоев ва як қатор

                                      

афрод бо ному лақаби ғайриоддӣ, аз ҷумла “Зардакшо”, “Революсионер” ва зане бо номи “Ҷаррос” тавассути канали YouTube, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромади ифротӣ намуданд. Зимни ҷараёни баромадҳои ифротӣ бо мақсади ба миёни мардуми кишвар шӯру фитна ангехтан, наворҳои сохтаи бардурӯғӯро нишон дода, бо ин васила  вазъи кунунии кишвари соҳибистиқлоламонро ноором созанд. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблӣ ҳаст, аммо бо шаклу намуди дигар. Ин гурӯҳаки бадхоҳи ифротӣ аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёнашон сиёҳ бикунанд.  Ин тоифа наметавонанд ҳарфе бидуни ғараз гӯянд ва ақлу тамиз надорад, ки боре аз дастовардҳои шоистаи даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳарф занад. Танҳо тоифаи ифротгарои хоину ватанфурӯш бо дастури хоҷагони маблағгузор дастовардҳои шоистаи кишвари соҳибистиқлоламонро дида наметавонанд. Чунки чашмони онҳоро ҳирси пулу мол нобино кардааст. Ақаллан, дар вуҷуди худ заррае меҳри Ватан надоранд, ки пешравиҳои кишвари маҳбубамонро тан гиранду боре баҳри тақвияти он пешниҳоди мушаххас карда бошанд.

Хулоса, баромадҳои ифротиву ихтилофангези навбатии бадхоҳони миллатро шадидан маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвар, бахусус ба муҳоҷирони меҳнат қарор дошта, даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи раҳбарияту ҳаммасалакон ва думравони  “Паймони милли” ба гирдоби ҷангу ҷилолҳо кашида шавад. Дар робита ба ин, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки имрӯз терроризму ифротгароӣ, яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз техналогияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Аз ин лиҳоз, ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро дарк намоянд. Имрўз ҷавонон бояд аз илму ҳунари давру замон ҳар чӣ зиёдтар баҳравар шуда, баҳри рушди оилаи худ, маҳалла, ҷомеа ва давлати худ саҳми сазовор гузоранд, аз фарҳангу маданияти худ баҳравар гарданд, таърихро хуб омўзанду ҳамчун шахсиятҳои арзандаи давру замони худ ба воя расанд, то ки модар, аҳли ҷомеа ва ватан солҳои сол ба онҳо аҳсант хонанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *