Дар толори барҳавои толори арӯсии “Шоира люкс”-и шаҳри Хуҷанд бо рақобати шаш нафар ҷавондухтарон аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят озмуни шаҳрии “Маликаи соли шаҳри Хуҷанд” баргузор гардид. Озмун аз рӯи шартҳои зерин:
- Муаррифии малика-иштирокчӣ,
- Изҳори муҳаббати малика ба ошиқ,
- Намоиши пӯшидани сару либоси ҳаррӯзаи малика,
- Намоиши маҳорати малика,
- Намоиши либоси базмӣ ва
- Намоиши либоси арӯсӣ
гузаронида шуда, дар иҷрои шартҳои мазкур аз ҳама хубтар Гулрӯ Исмоилова донишҷӯи курси 2-юми Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ҳунарнамоӣ карда, соҳиби 149 хол гардид. Бо қарори якҷояи ҳайати ҳакамон Гулрӯ Исмоилова донишҷӯи курси 2-юми Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар озмуни шаҳрии “Маликаи сол”-и шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи аввал ва унвони ифтихории “Маликаи соли шаҳри Хуҷанд” гардид.
Раёсат ва аҳли Донишкада Гулрӯро бо ин ғолибият таҳният гуфта, дар оянда барояш фатҳи қуллаҳои санъати волоро таманно дорем. Ғолибият муборак!!!